(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Дар ташкилоту муассисаҳои шаҳри Хуҷанд мувофиқи нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабиниҳои гуногун, конфронсҳои илмӣ сӯҳбату мулоқот баргузор мегардад. Ин чорабиниҳо аз санаи 12-ум то санаи 27-уми июн, бо иштироки олимон шоирон ва зиёиёни кишвар, дар ҳамаи муассисаҳои таълимии олии шаҳри Хуҷанд, колеҷи омӯзгорӣ, тиббӣ ва дигар корхонаю ташкилотҳо баргузор мегарданд.
Шоирону муаррихон Неъмат Оташ, Озарахш, Ҷӯрабек Исомаддинов ва дигарон доири мавзӯи «Ваҳдат бақои миллат», «Ваҳдат сарчашмаи фардои неки ҷомеа» ва бобати моҳияту арзишҳои Ваҳдати миллӣ, таҳкиму кӯшишҳою саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сухан ронданд.

Лозим ба ёдоварист, ки оғози ин чорабиниҳо дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гашта буд.