(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии Фестивали заргарии «Ҳунар омӯз …» баргузор гардид, ки ҷойи аввалро заргар аз шаҳри Хуҷанд Мастона Раҳимова ба даст овард.

Бояд қайд намуд, ки Фестивали заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омӯз …» дар робита ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 сурат гирифта, он баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон ба мамлакат ва муаррифии давлат дар арсаи ҷаҳон дар партави солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» роҳандозӣ гардидааст.

Ҳадафи баргузории Фестивали мазкурро масъулин дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи заргарӣ ва ҷалби ҷавонон ба ин соҳа, инчунин рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии мутахассисони соҳа, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари заргарӣ, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди мероси пурғановати ниёгон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод менамоянд.

Ба гуфти заргарон, дар кори онҳо омехтаи нуқра бо мис беҳтар истифода мешавад. Заргарон дар истеҳсоли маснуоти бадеӣ- зару зевар, асбобу ашёи рӯзгор, либосу аслиҳаи ҷангӣ аз фулузот: тилло, нуқра, мис, биринҷӣ, оҳан ва ғайра истифода менамоянд. Зимни омода намудани маснуот сангҳои гаронбаҳову рангаи лаъл, ёқут, фирӯза, зумуррад, лоҷувард, каҳрабо, булӯри кӯҳӣ, ҷамаст, яшм, ақиқ ва монанди инҳо ба кор мераванд. Аз маводи табиӣ устухони фил, садаф, марворид ва чандеи дигар истифода мешаванд.

Маснуоти сохтаи заргарон: ангуштарин, гӯшвор, зеби гардан, болои абрӯ (қоши тилло), каҷак, бозубанд, дастпона, ҳайкал ва амсоли инҳо аз ҷумлаи зеварҳои маъмулии занҳои тоҷик мебошанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд