(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори варзишии бинои факултети муҳандисӣ-иқтисодии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни донишкада мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии “Ватандор” баргузор гардид.

Таъкид гардид, ки ҳадаф ва мақсади мусобиқа баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳифз ва гиромидошти ҳуввияти миллӣ; мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни донишҷӯён; тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим байни донишҷӯён; муайян ва интихоби варзишгарони беҳтарин ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёни бомаҳорат мебошад.

Мусобиқа аз рӯи 6 намуд: тобхӯрӣ дар турник, эстафета, сангбардорӣ, давидан ба масофаи 100 м; ҷаҳидан ба дарозӣ аз ҷойи ист; бандкашӣ сурат гирифт.

Ҳамаи дастаҳои факултетҳо фаъолона ширкат варзида, дар натиҷа факултети муҳандисӣ-технологӣ соҳиби ҷойи 1, факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ соҳиби ҷойи 2, факултети сохтмон ва нақлиёт соҳиби ҷойи 3 гардида, ғолибон бо Ҷоми директори донишкада сарфароз гардиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд