(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Иди зардолу ва ярмаркаи савдои минтақавии «Суғд-2014».

Имрӯз дар мавзеи назди "Касри варзиш" - шаҳри Хуҷанд ярмаркаи савдои минтақавии «Суғд-2014» ва "Иди зордолу» баргузор гардид. Дар он хоҷагиҳои боғпарвари зироаткори боғдорон ва деҳқонони шаҳру ноҳияҳои вилоят намудҳои зардолу маҳсулоти аз он омодамешударо ба намоиш гузошта шуданд. Деҳқонону ниҳолпарварони ноҳияҳои Исфара, Ашт, Конибодом, Б. Ғафуров ва дигар шаҳру ноҳияҳо намудхои зардолуро барои намоиш ва фурӯш гузошта тарзи коркард, нигоҳдории онро намоиш доданд.
Дар чорабини ҳамчунин роҳбарону намояндагони палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Латвия ва ташкилотҳои байналхалқи ширкат намуданд.

Иди зардолу ва ярмаркаи савдои минтақавии «Суғд-2014».Баъдан расми ифтитоҳи намоишгоҳи маҳсулот ва намудҳои хизматрасонии ширкату корхонаҳои вилояти Суғд таҳти унвони "Суғд-2014" баргузор гардид.
Дар оғоз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолияту маҳсулоти муассисаҳои таълимӣ-истеҳсолии занону духтарон ва ҳунармандони халқӣ дидан намуданд.
Иди зардолу ва ярмаркаи савдои минтақавии «Суғд-2014».Аз шаҳри Хуҷанд дар ярмаркаи мазкур зиёда аз 20 корхонаю ташкилотҳои маҳсулоту технологияҳои истеҳсоли ва намудҳои хизматрасонии худро манзур намуданд. Иди зардолу ва ярмаркаи савдои минтақавии «Суғд-2014».Дар намоиш корхонаҳои истехсоли маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ, коргоҳхои саноатӣ, хизматрасонии бонкӣ, сохтмонӣ ва маҳсулоти сохтмонӣ ширкат намуданд.
Барои иштироки фаъолона дар ин чорабини ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ изҳори сипосманди баён карда шуд.