(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲОМИЁНИ ШУҶОИ ВАТАН

Ҳамшаҳриёни азиз!

Афсарону сарбозони гиромӣ!

Собиқадорони Қувваҳои мусаллаҳ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, бароятон саломатии бардавом, саодати рӯзгор, хушбахтиву сарбаландӣ ва дар роҳи ҳимояи сарзамини муқаддасамон барору комёбӣ орзу менамоям.

Хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар таъмини сулҳу суботи устувор, амнияти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, ки пешрафту тараққиёти кишварамон бевосита аз онҳо вобаста мебошад, нақши барҷаста ва бузург доранд.

Тазаккур бояд дод, ки Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат яке аз рукнҳои воқеан бунёдӣ ва муҳимтарини давлат ва сипари боэътимоди Ватанамон мебошанд, ки ҳанӯз дар оғози ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон таъсис гардида, роҳи хеле мушкилу сангини таърихиро тай карданд ва ҳоло ба яке аз нерӯҳои қудратманди низомӣ табдил ёфтаанд.

Дар натиҷаи ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои мусаллаҳи кишвар соҳиби инфрасохтори замонавӣ, техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва кадрҳои миллии афсарии дорои тахассуси олӣ мебошанд.

Дар ин радиф баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо азму кӯшишҳои назарраси Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода такмили фаъолияти қисмҳои низомии ҳудуди вилояту шаҳр, беҳтар гардонидани шароити зиндагии афсарону сарбозон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.

Бо боварӣ метавон қайд намуд, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – модар ва халқу давлати хеш минбаъд низ бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд.

Бори дигар ҳамаи шумо, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳо ва мақомоту сохторҳои ҳарбӣ, инчунин тамоми ҳамшаҳриёни азизамонро ба ифтихори ҷашни 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат табрик гуфта, ба ҳамагон рӯзгори осуда, ободии хонадон ва хизмати бобарорро ба нафъи халқу Ватан орзу менамоям.

Рӯзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ муборак, ҳомиёни шуҷои Ватан!