(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар Муассисаи таълимии томактабии №16 озмуни шаҳрии «Касби дӯстдоштаи ман» байни мураббияҳои кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Озмуни мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо мақсади ҷалби кӯдакон ба донишу касбомӯзӣ, баҳри баланд бардоштани маҳорати касбӣ, инкишоф додани қобилияти эҷодкорӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ дар мураббиён, дастгирии ташаббусҳои эҷодӣ, тарғиби васеи масъалаҳои касбӣ, дарёфти кӯдакони соҳибистеъдод, баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ ва рушди маънавиёти насли наврас гузаронида шуд. Мураббиёни кӯдакистонҳо тибқи шартҳои озмун доир ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии кишвар бо истифодаи аз усули технология расмҳои ҷолиб кашида, маҳорати эҷодии хешро ба маърази тамошо гузошта, онро муаррифӣ намуданд.

Муҳайё Акмалхӯҷаева мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд озмунро натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки барои соҳибкасб гаштан бисёр мебояд омӯхт. Барои ифтихорманд гаштан худ бояд кони ақлу заковат ва мардонагиву далерӣ буд. Соҳибақл бояд буд, то пешаи дурустеро интихоб намуда, тавассути меҳнати бузург обрӯ пойдор кард. Шахсияти баркамол ва озодфикр ҳанӯз аз овони хурдӣ дар худ фикри интихоби пешаи асосиро мепарварад. Ин ақидаи бузург ҳар инсонро аз аввал бояд дар дилаш бедор гардад. Зеро равшании ҳар як рӯз аз оғози саҳари он маълум мегардад. Интихоби касб низ пешаи худододист, ки табиатан дар дили кас пайдо мегардад.

Дар натиҷаи баҳодиҳии доварон мураббиёни муассисаҳои таълимии томактабии № 12 13 16 18 20 23 29 32 ва 40 мақоми аввалро ба даст оварданд. Намояндагони кўдакистонҳои № 28 33 ва 37 ҷойи дуюм ва № 15 19 24 25 26 31 36 мақоми сеюмро ишғол намуданд. Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол тӯҳфаю ифтихорномаҳои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд