(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанг, суннату анъанаҳои неки ниёгон ва арзишҳои миллӣ даври вилоятии Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид.

Таъкид гардид, ки ҳадафи Фестивали «Чакомаи гесӯ» тарғибу ташвиқи зебоипарастӣ миёни духтарону бонувон, ашъори баландмазмун бахшида ба ҳусну таровати рӯй, ҷозибаи гесӯ, сару либос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табиии ватанӣ дар парваришу нигоҳубини рӯй, мӯй, муҳофизати пӯсти дасту рӯй мебошад.

Дар Фестивали мазкур намоиши парвариши мӯй, ороишу пардози рӯй, ҳаракати мавзун, ҳунари волои машшотаҳо, тарбияи муоширати духтарон, тарғибу ташвиқ ва эҳёи анъанаву маросими миллӣ, аз қабили саршӯёну мӯйбофон, зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила рӯи кор овардани корхонаҳои хурди истеҳсолии шонасозиву оинасозӣ, сурмапазиву қаламҳои ороишӣ ва кошонаи ҳусну машшотагӣ ва ҷалби сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба шуғлу касбомӯзӣ мебошад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар озмуни вилоятии "Чакомаи гесу" намояндагони шаҳри Хуҷанд 7 ҷойи ифтихориро ба даст оварданд.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамот дар бахши "Олами афсона ва зебоӣ" дипломи дараҷаи якумро Сабрина Тухтасунова ва дар ҳамин бахш мақоми сеюмро Зевар Раҳматуллоева соҳиб гардиданд.

Дар номиннатсияи «Кўдакона» ҷойи аввал насиби Раиса Фаррухзода ва ҳамчун хурдсолтарин иштирокчӣ Асияхон Ҷўраева муайян шуд.

Зулайхо Мирзораҳимова ҷойи 2 юмро дар номинатсияи «Ороиши қадимаи мўй» ва Хосият Шарифова ҷойи 1-умро аз рўйи номинатсияи "Ороиши муосири мӯй" соҳиб шуданд.

Ҳамзамон макоми 3-юмро дар номинатсияи "Ороиши муосири мўй" Нилгуна Раҳмонзода ба даст овард.

Шарафёбии довталабони озмуни вилоятии "Чакомаи гесу"-ро роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд самимона муборакбод намуда, барои иштироки фаъолонаи онҳо дар даври ҷумҳуриявӣ комёбиҳо орзуманд аст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд