(4 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд.Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд чун анъана қабули шаҳрвандон бо усули «Равзанаи ягона» сурат гирифт. Дар он роҳбарони тамоми воҳидҳои сохторӣ, масъулини дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд сокинонро бо масалаҳои гуногун қабул намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода низ 45 нафар сокинонро қабул намуда, барои ҳалли мушкилоти онҳо ва чораҷӯи намудан ба роҳбарони дахлдор супоришҳои мушаххас дод. Ин навбат дар рӯзи қабул муроҷати бештари мардум дар мавриди ҳалли мушкилоти таъмини замини наздиҳавлигӣ, баҳси манзил ва сохтмони иншоотҳо, ташкили фурӯшгоҳи сайёри маҳсулоти полезӣ ва сабзавот, кӯмаки моддӣ ва сохтмони манзил буд. Қабули навбатии шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд.Раиси шаҳри Хуҷанд ба роҳбарони воҳидхои сохторӣ нисбати халли мушкилоти мардум, сари вақт расидагӣ намудан ба шикояти онҳо, баррасӣ намудани мактубу муроҷиати онҳо тибқи муқаррароти қонун дастур дод.