(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар мавзеъи мазкур, яъне байни ду хонаи баландошёнаи №1 ва 2-и микроноҳияи 19-уми шаҳри Хуҷанд ҳанўз соли 2016 тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд барои бунёди хонаи баландошёна пешбинӣ шуда буд.

Баъди муроҷиати сокинон ба иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, комиссияи махсус таъсис дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ қатъ карда шуданд.

Имрўз дар ҷойи зикргардида, ягон адад техникаву таҷҳизоти сохтмонӣ вуҷуд надорад. Майдончаи бачагона дар ҷойи худаш барқарор карда мешавад.

Аз ин лиҳоз, аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки беасос ва бехабар аз ҳолати воқеъӣ ҳамагуна наворҳои ҳангомаҷӯёнаро интишор накунанд, зеро масъала ҳалли худро ёфтааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд