(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд дар маркази сайёри хунсупорӣ.Ҳамсола санаи 14 июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи умумиҷахонии хун қайд карда мешавад. Бахшида ба ин сана дар вилояти Суғд аз санаи 26 май то 30 июн маърака-аксияи хунсупорӣ рафта истодааст. Ин маърака дар шаҳри Хуҷанд низ доир гашта истодааст. Бо мақсади ошноии бо вазъи баргузории ин чорабинӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Рачаббой Аҳмадзода ба маркази сайёри қабули хун,ки дар саҳни ҳавлии Маркази ҷавонони шаҳри Хуҷанд ба номи Лоиқ Шералӣ ҷойгир шуда буд, ташриф овард.
Раиси шаҳр ба рафти аксия, сифати хизматрасонии табибон ва шароити фароҳам овардаи масъулин таваҷҷӯҳ намуд.
Ба Раҷаббой Аҳмадзода маълумот дода шуд, ки то имрӯз дар 6 Марказҳои саломатии шаҳр, Беморхонаи шаҳрии № 1 ва № 2, Беморхонаи вилоятӣ ва 3 ширкатҳои тиҷоратии шаҳри Хуҷанд маъракаи хунсуорӣ сурат гирифт. Раиси шаҳри Хуҷанд дар маркази сайёри хунсупорӣ.Сокинони маркази вилоят дар ин амали хайру савоб фаъол буда, то санаи 19 июн 680 нафар ихтиёрӣ ва беподош хун супориданд.
Барои дар сатҳи баланд ва бо риояи тамоми талаботҳои тиббӣ баргузор намудани ин аксия 10 нафар табибон ва ҳамшираҳои шафқат бо нақлиёти махсусгардонидашудаи барои гирифтан ва нигоҳдории хун пешбинӣ шуда омодаи қабули ихтиёриён ҳастанд. Ҳамчунин барои сокинон мувофиқи хоҳиши онҳо гурӯхи хунашон низ ба таври ройгон муқаррар карда мешавад.
Пешбинӣ гардидааст, ки то интиҳои аксияи мазкур боз дар 20 ташкилотҳои ғайритиббӣ ин чорабинӣ доир карда шавад.