(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар МТУҒ «Гулчини маърифат» баҳри татбиқи Барномаи эълон намудани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» тадбирҳои муҳим рўйи кор гирифта мешавад.

Маъмурияти ин муассисаи таълимӣ ва кулли ҷомеаи меҳнатӣ ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати баланд бардоштани таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, бахусус аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд силсисилаи тадбирҳоро амалӣ намуда истодаанд.

Аз ҷумла, имрўз дар МТУҒ «Гулчини маърифат» дарси кушоди намунавӣ аз фанни биология дар синфи 9 таҳти унвони «Ҳазмшавии хўрок дар даҳон» бо ҳузури намояндагони шуъбаи маориф ва омўзгорони макотиби миёнаи шаҳр баргузор гардид.

Омўзгори ҷавон Умеда Дўсматова дарси кушоди хешро бо усули интерактивӣ, бо фарогирии амиқи мавзуъ ва истифодаи асбобу аёнати муосир ҷолиб ва шавқовар гузаронд, ки дар зеҳни хонандагон ва иштирокдорони машғулияти намунавӣ бо таасуроти хубу хотирмон ҷой гирифт.

Ҳамчунин худи ҳамин рўз дар самти андўхтани амиқи фанҳои дақиқ аз ҷониби омўзгорони ин муассисаи таълимӣ: Умедҷон Қодиров, Наим Холиқов, Мухлиса Бурҳонова, Муяссар Фозилова, Хуршед Ғаффоров, Дилбар Ҳоҷибоева ва дигарон машғулиятҳои намунавӣ бо усулҳои фаъоли таълим ва низоми босалоҳият дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуданд, ки баҳри табиқи амалии барномаи «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» мусоидат хоҳад намуд.

Маъмурият ва омўзгорони муассисаи таълимиии «Гулчини маърифат» тасмим гирифтаанд, ки бо фароҳам овардани имконият ва шароит тавассути дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи тарбия ва камол расонидани наврасони ҷавобгў ба ниёзҳои замон, ташаккули тафаккури техникии онҳо талош варзида, чунин имкониятҳоро дар амри иҷрои барномаҳои бузурги давлатӣ дар соҳаи илму маориф босамар истифода намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд