(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАҳли заҳмати Беморхонаи клиникавии вилоятии ба номи С. Қутфиддинов бо мақсади сазовор истиқбол намудани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи корҳои ободонию созандагиро пиёда намуда истодаанд. Дар мавсими имсола аллакай дар заминҳои бекорхобидаи беморхона ниҳолҳои ҳамесабз, мевадиҳанда ва ороишӣ шинонида шуданд.

Субҳи имрӯз бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва иҷрои самараноки дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодхои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаби замин дар масоҳати назди 0,5 га (50 сотих)-и заминҳои бекорхобидаи беморхона картошка кишт карда шуд. Ин имкон медиҳад, ки талаботи озуқавории Беморхонаи вилоятиро дар фосилаи муайян бо "нони дуюм" таъмин созад.

Ёдовар мешавем, ки Беморхонаи клиникавии вилоятии ба номи С. Қутфиддинов шуруъ аз санаи 2.02.2021 ба фаъолияти муқаррарии худ баргашт ва давоми 10 моҳи қаблӣ чун госпитал баҳри муборизаи бемории фарогири короновирус муайян шуд ва ҷомеаи меҳнатии ин муассисаи тиббӣ наздик 1 сол ҷон ба каф гирифта, шабонарӯз дар ин чода заҳмат кашиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд