(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша – чорабиниҳои Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд маҳфили илмию адабӣ баргузор гардид.

Дар маҳфили мазкур намояндаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мавҷуда Мирпоччоева, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Мирзоҷон Мирзобоев, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд – Муяссара Қаҳорӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров, Раиси иттифоқи ҷанговарони интернатсионалист дар шаҳри Хуҷанд – Муқимҷон Қобилов, собиқадорони хизмати ҳарбӣ, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни литсейи мазкур иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ мазкур иштирокдорон суханронӣ намуда, қайд карданд, ки воқеан Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ифодагари истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, иродаи қавии мардуми кишвар, матонату мардонагӣ ва ватандӯстиву ватандории фарзандони бонангу номуси он ба ҳисоб меравад, ҳар сол дар саросари мамлакат бо ифтихору эҳсоси баланди миллӣ таҷлил мегардад.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Артиши миллии худро таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард. Бояд қайд намуд, ки дар солҳои аввали таъсисёбӣ вазъият дар ин самт ниҳоят душвор эҳсос мегардид ва дар қисмҳои ҳарбӣ шароит он қадар хуб ба чашм намерасид. Хушбахтона, имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама мушкилиҳоро паси сар намуда, ба сӯйи қуллаҳои баланд ҳаракат карда истодааст. Дар тӯли 28 соли фаъолият сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гадид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин самт таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, тамоми шароити мусоидро барои хизматчиёни ҳарбӣ таъмин намуда истодаанд.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ бо аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд ба як зумра устодону мутахассисони ҷавон, ки ба дастоварди назарраси таълимию илмӣ ноил гардида, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуданд, туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд