(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар МТМУ №20-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф ва муовинони директор оид ба корҳои тарбиявии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр машварати доимоамалкунандаи самти тарбия баргузор гардид.

Дар машварат нахуст мавзуъи «Аҳамият ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид шуд, ки таълиму тарбия дар пайвастагии мутақобилаи се ниҳоди иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа рўҳу равони воқеӣ пайдо мекунад. Аммо ба ин се ниҳод муҳити атроф ва фазои иттилоотӣ, ки дар натиҷаи раванди ҷаҳонишавӣ вусъати азиме пайдо кардааст, таъсири зиёд мерасонад. Рафтору кирдори хонандагон, хониши онҳо, иштироки онҳо дар дарс, худдорӣ аз оворагардӣ, тарзи муошират, истифодаи телефонҳои мобилӣ, даст назадан ба ҷинояткорӣ, аз ҷониби падару модарон зери назорати доимӣ қарор гирифтани фарзандон ва рафтори онҳо — ҳамаи ин уҳдадориҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба дӯши волидайн вогузор намудааст.

Зикр гардид, ки ҳамагон шукронаи истиқлолият мекунем, ки имрўз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу осоиштагӣ фарзандони худро омўзишу парвариш дорем. Китобҳои муътабари Ғаззолӣ, Унсурулмаолии Кайковус, Имоми Аъзам, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҷомӣ, Рўдакӣ ва дигаронро, ки муқаддасоти ҳар як хонадони тоҷик маҳсуб меёбанд ва дастраси умуманд, сармашқи кори худ намуда, дар таълиму тарбияи фарзандон истифода мебарем. Тавоноии ин ғизои маънавӣ дар ташаккули тафаккури миллӣ нақши муҳим дорад.

Вақти он расидааст, ки дар паҳлўи омўзгорон ҳар як шаҳрванд бо ҷустуҷўҳои фикрӣ саҳми худро дар рушди маориф ва таълиму тарбияи насли оянда гузорад ва дар соҳибфазилат гардидани фарзандон бетафовут набошад. Алҳол дар роҳи расидан ба маънавиёти баланд монеаҳои ҷиддӣ қариб вуҷуд надоранд, ба шарте ки дар мадди аввал манфиати давлату миллат қарор дошта бошад. Бинобар ин, барои баланд бардоштани сатҳи тафаккур ва дараҷаи худогоҳии падару модарони ҷавон бояд ҷомеа низ масъулият бар дўш дошта бошад.

Сипас, тибқи барномаи машварат муовинони директор оид ба корҳои тарбиявии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр дар машғулиятҳои тарбиявии омӯзгорони МТМУ №20 ширкат намуданд. Машғулиятҳои тарбиявӣ дар мавзуъҳои «Ватандӯст метавонад Ватани обод созад”, “Модар-сарчашмаи ҳаёт”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Ҳимояи Ватан вазифаи мост!”, “Фарзанди нек-боғи падар”, “Дар олами касбҳо”, “Адаб ҳусни инсон аст” ва ғайра иштирок намуда, онро таҳлилу баррасӣ намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд