(5 овоз, миёна 4.20 аз 5)

Ташкили ярмарка-фурӯш бо мақсади паст намудани нархи маҳсулот.Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд субҳи имрӯз дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд»-и маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрока баргузор гардид. Дар он Корхонаи воҳиди давлатии «Захираҳои моддии Суғд» бозорҳои шаҳри Хуҷанд «Панҷшанбе», «Афросиёб», «Баракат Ко ЛТД» «Неъматуллоҳ», «Гулистони Хуҷанд», ширкатҳои хусусӣ, деҳқонони шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Б.Ғафуров маҳсулоти ниёзи аввала ширинҳо маҳсулоти гӯштӣ, полезӣ ва нӯшокиҳои ташнашиканро барои харидорон пешниҳод намуданд.
Тамоми маҳсулоти пешниҳодшуда ба исмтиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва фарорасии моҳи шарифи Рамазон бо тахфифи то 20% ба фурӯш гузошта шуд. Ин ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва дастгирии фурушандагони ярмаркаи мазкур имкон дод,ки барои сокинон ҳар килограми гӯшти гов 27 сомонӣ,гӯшти гӯсфанд 30 сомонӣ орд бо нархи 110 сомонӣ ва дигар маҳсулот то 20 фоиз арзон нисбати нархи ҳамарӯза пешниҳод гардад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздиди худ аз ярмарка-фурӯши мазкур аз фурӯшандаҳо бобати ҳамрӯза пешниҳод намудани маҳсулотҳои мавҷуда бо чунин даъват намуд.