(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода бо иштироки муовини аввал, муовини Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, сардори нозироти андози шаҳр, мудирони шўъбаю бахшҳо, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, сохторҳои корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр, раисони маҳаллаҳо ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Фирдавс Шарифзода нахуст таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаро ба иҷрои дастуру супоришҳои ироанамудаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлиси васеъи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки мо бояд пеш аз ҳама ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ ва ба ин васила кам намудани молҳои воридотӣ азм намоем. Таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, суръатбахшии иқтисодиёт, рушди корҳои созандагию бунёдкорӣ, таъмини уҳдадориҳои нақшаи андоз ва ғайраҳо маҳаки асосии фаъолияти корамон бошад.

Шаҳрдор гуфт, ки барои ин иқдомҳо тамоми шароит ва имконот мавҷуд аст, танҳо завқу кӯшиш ва мусоидати фаъол аз ҷониби мо ҳамагонро ба ҳадаф мерасонад.

Фирдавс Шарифзода вобаста ба эълон намудани саноатикунони босуръати иқтисоди миллӣ, ки ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, таъкид дошт, ки бо назардошти шаҳри саноатӣ будани Хуҷанд мо бояд тамоми захираву имконотро сафарбар намоем. Корхонаҳое, ки фаъолияти суст доранд, омилҳои онро омӯхта, фаъолияташонро ҷоннок намоянд. Таъсиси корхонаҳои хурди саноатӣ бо технологияҳои пешрафта баҳри истеҳсолҳои молҳои рақобатпазир мувофиқи мақсад дониста шуд.

Сипас, доир ба самтҳои фаъолият муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ҳисобот доданд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ба масъулини дахлдор ҷиҳати фаъолнокӣ дар соҳаи пешбурд дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки фаъолияти пурсамари ҳамагон аз таҳлили соҳа ва тарҳрезии нақшаи дурнамо иборат бошад. Вазъи соҳаҳои алоҳида дар ҷояш мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Дар ҷараёни ҷаласа пешниҳодоти прокуратураи шаҳри Хуҷанд низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ҷаласаи васеи шаҳрдориро натиҷагирӣ намуда, ҳамзамон ба масъалаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҷавонон, варзиш, муҳоҷират, ободонӣ, тадбирҳои 30 солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба ҷашни Наврӯз, иншооти бунёдшаванди ҷашнӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва ғайраҳо изҳори назар намуда, масъулини дахлдорро ҷиҳати иҷрои корҳои банақшагирифташуда муваззаф кард.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд