(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар МТМУ №20-и шаҳр бо сокинони маҳаллаи Чорчароғ ва омӯзгорони муассисаи таълимии мазкур нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро мавриди омӯзиш қарор доданд.

Наим Маликисломӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар баромади худ иброз дошт, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати расмӣ, нақшаи дурнамо ва муҳими барномавӣ мебошад, ки дар он тамоми ҷанбаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар таҳлилу баррасӣ шудаанд. Таҳлил ва дастуру супоришҳои дар Паём зикр намудаи Пешвои миллат роҳи тамоми шаҳрвандони мамлакатро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи давлатдорӣ равшан менамояд.

Таъкид гардид, ки дар Паёми ҳарсолаи Президенти мамлакат ба соҳаи иҷтимоӣ ва рушди неруи инсонӣ, бахусус рӯ овардан ба китобу илму дониш диққати махсус зоҳир карда мешавад. Дар Паёми имсола низ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар партави озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст!» ва «Тоҷикистон-ватани азизи ман!» дастур доданд, ки ҷиҳати ҳарчӣ бештар рӯ овардан ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ озмуни навбатӣ зери унвони «Илм- фурӯғи маърифат» байни хонандагон, донишҷӯён, магистрону аспирантон, омӯзгорону олимон гузаронида шавад. Ҳамчунин минбаъд волидайн ва роҳбарони ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи донот китоб аст” қадршиносӣ карда мешаванд.

Ҳадаф ин аст, ки насли нав-хонандагон, донишҷӯён, магистрантон, докторантон, олимону устодон маҳз ҳамин аст, ки ба илмҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ рӯ биёранд, онҳоро омӯзанд, таҷрибаҳо гузаронанд, таҳқиқот баранд, пешрафти илми тоҷикро таъмин намоянд. Зеро олимону бузургони илму адаби тоҷик дар асрҳои гузашта корҳои бузургеро анҷом дода буданд. Мо имрӯз давомдиҳандаи кори бошарафи он бузургонем ва бояд илму маърифатамон низ дар сатҳи баланд бошад.

Сарвари давлат дар Паёми худ дар баробари дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим ба масъалаҳои ҳимояи арзишҳои миллӣ, пос доштани таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи зиёд намудаанд. Дар маҷмӯъ, Паём як Консепсияи стратегие мебошад, ки дар он тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии кишварамон таҳлилу баррасӣ гардидаанд. Муҳтавои асосии Паём масъалаҳои иҷтимоию сиёсиеро дар бар мегирад, ки онҳо дар замони паҳншавии пандемия ва таъсири манфии он ба иқтисодиёти ҷаҳон ва ҳолати дохилии кишварамон таъсир гузоранд.

Дар фароварди Пешвои миллат зикр гардид, ки “Вазифаи асосии ҳар яки мо — аз Роҳбари давлат сар карда, то вакилони мардум, аъзои Ҳукумат, роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва тамоми хизматчиёни давлатӣ — содиқона хизмат кардан ба халқи азизи Тоҷикистон, ҳамеша ва дар ҳама ҳолат дар паҳлуи халқ будан аст”.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд