(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altМодарони азизу арҷманд, хоҳарони мушфиқу меҳрубон! Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки роҳи минбаъдаи кишвари моро ба сўи фардои дурахшон муайян намуд, назди ҳар як фарди солимфикр, шахси ватандўсту меҳанпарвар вазифаву масъулияти навинро вогузор намуд. Хоса, барои мо модарон, занон, ҷавондухтарони Тоҷикистони соҳибистиқлол боиси рўҳбаландӣ, сарфарозӣ ва ифтихори беандоза гардид, ки Сарвари давлат дар Паёми хеш бо камоли эҳтиром, ихлосу муҳаббат, самимият ва имону эътиқод аз хидматҳои сидқидилонаи занону бонувон дар ҳамаи соҳаҳои ҷамъиятӣ- сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоиву фарҳангӣ, дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа, пойдориву устувории оила ва беҳтарин анъанаҳои миллӣ бо изҳори қаноатмандӣ ҳарф заданд. Таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар минбаъд низ занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисосро ба хизмати давлатӣ ҷалб карда, ташаббусҳои ононро дастгирӣ менамоянд ва барои амалӣ гардонидани онҳо тадбирҳои иловагӣ меандешанд.

Мусаллам аст, ки рисолати асливу афзалиятноки Зан-Модар на танҳо ҳаёт бахшидан, инчунин тарбия намудани фарзандони солим, ватандўст, дорои ахлоқи шоиста, соҳибмаълумоту соҳибкасб, худогоҳу худшинос мебошад. Фазилатҳои беҳтарини инсониро модар бо шири сафеди худ дар вуҷуди фарзанд ҷой мекунонад. Аз ин сабаб, Пешвои муаззами миллат мактаби модарро бузургтарин мактаби тарбия гуфтаанд.

Ин суханони гаронарзишу руҳафзо ва баҳои баланди Роҳбари давлат моро водор месозад, ки масъулияти худро дар назди халқу Ватан бештар эҳсос намоем, фарзандони худро тавре тарбия намоем,ки онҳо воқеан ҳам ѓамхори модар ва мушкилкушои кишвар гарданд.

Модарону бонувони гиромиқадр! Мо барои ѓамхориҳо, меҳрубониҳо, қадршиносиҳо, дастгириҳои рўзафзуну пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона изҳори сипос менамоем ва аз ҳар ки Шумо даъват ба амал меорем, ки дастуру супоришҳои Сарвари кишварамонро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, дар ободонӣ, созандагӣ, шукуфоии Ватани азизамон, тарбияи ахлоқию маънавии насли фардосози миллат, истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон саҳми босазо мегузорем.

Муроҷиатнома дар Ҳамоиши
фаъолзанони шаҳри Хуҷанд бахшида
ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба Маҷлиси Олии таҳти унвони "Раҳнамои мо-Паёми Пешвои миллат"
санаи 12 феврали соли 2021 қабул гардид.