(3 овоз, миёна 4.33 аз 5)

Майдончаи варзишӣ бо қувваи сокинон барқарор карда шуд.Дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси сокинони маҳаллаи «Мевағул» хонаҳои 7, 8 ва 9 ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Дар расми ифтитоҳи он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуда, барои ин ташаббуси нек ва саривақтии бошандагони ин маҳал сипосмандӣ намуд. «Маъмулан дар мавсими таътили тобистона наврасон ниёз барои обутоби бадан ва варзиш  бештар ниёз доранд.  Вазифаи волидайн ва масъулини шаҳр бошад ин шароитро барои онҳо фароҳам овардан аст» қайд намуд дар баромади худ Раиси шаҳри Хуҷанд.
Дар майдончаи варзишӣ барои бозии кӯдакон ва машғул шудани онҳо ба намудҳои варзиши баскетбол, тамрини бадан, баскетбол шароит фароҳам оварда шудааст. Майдончаи варзишӣ бо қувваи сокинон барқарор карда шуд.Раиси шаҳри Хуҷанд барои кӯдакони маҳалли мазкур тӯб, шоҳмот шашка ва дигар ҷиҳози варзишӣ тӯҳфа намуда, барои тарбияи солими насли наврас шуғли ҷавнону наврасон ва дар вакти таътили тобистона ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ ҷалб намудани онҳо ба роҳбарони сохторҳои марбута дастур дод.
Барои бунёди майдончаи варзишӣ зиёда аз 10 ҳазор сомонӣ масраф шуда, барои дар ҳолати зарурӣ нигоҳ доштани ин майдонча аз ҷониби худи сокинон гурӯҳи ташаббускор ташкил шудааст.
Лозим ба ёдоварист,ки ин ҳафтумин майдончаи варзишӣ ба ҳисоб рафта, мувофиқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд ва накшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба 20 солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 13 чунин майдончаҳо дар маҳаллаҳои маркази вилоят бояд мавриди истифода қарор дода шаванд.