(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо масъулини дахлдор аз мавзеъи бунёд ва азнавсозии як қатор майдончаҳои варзишии ҳудуди маҳаллаҳои шаҳр боздид ба амал овард.

Зимни боздид дар мавзеъи хиёбони Исмоили Сомонӣ 20 ва кўчаи Абўлқосим Фирдавӣ байни хонаҳои баландошёнаи 111-113 , ки дар он ҷойҳо феълан майдончаҳои варзишӣ вуҷуд дорад, аммо ба таҷдиду азнавсозӣ ниёз дорад, ба масъулини дахлдор ҷиҳати ба талаботи замони муосир ҷавобгў намудани иншооти номбурда, бо баанҷомрасонии маҷмуъи корҳои ободонии ҳудуди он дастуру супоришҳо дод.

Дар ҳудуди микроноҳияҳои 19, хонаи 2, 13, хонаи 25, 12 хонаи 2, 34 хонаҳои 25 ва 27, ки майдончаҳои нави варзишӣ ва мавзеъи истироҳати кўдакону наврасон бунёд карда мешаванд, ба масъулини шуъбаи меъморӣ, сарраёсати ободонӣ ва ширкати «Арча-мебел» ҷиҳати омода ва таҳияи нақшаи сохтмони иншоот маслиҳату супоришҳо дода шуд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода таъкид дошт, ки иқдоми мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода амалӣ гардида, то рузҳои таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд якчанд адад майдончаҳои варзишӣ бунёд ва ба истифода дода мешаванд.

Фирдавс Шарифзода дастур дод, ки дар иншооти боздидгардида корҳо оғоз гардида, то рўзҳои таҷлили Наврўзи байналмилал бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.

Таъкид гардид, ки бо пиёда намудани ҳадафи иқдоми мазкур дар баробари ободонии ҳудуди маҳаллаҳои шаҳр, ҳамзамон ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, хусусан миёни ҷавонону наврасон мусоидат хоҳад намуд.

Шаҳрдор аз масъулини корхонаи муштараки “Арча-мебел” даъват ба амал овард, ки ҷиҳати пешниҳодоти лоиҳаҳои мушаххаси майдончаҳои варзишӣ бо назардошти маҷмуъи таҷҳизоти машқу тамринӣ бо сифати баланд ва нархҳои дастрас азм намояд, то ин ки корҳо дар ин самт оғоз ёбанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд