(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баҳри дар амал табиқ намудани сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати бохабар шудан аз вазъи зиндагии собиқадорони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, бахусус ашхоси бознишаста, ниёзаманд ва маъюбу бепарастор якчанд нафар сокинони маҳаллаи Тиллоконро мавриди аёдат қарор дода, ба онҳо маводи хӯрокаи ниёзи аввал ва кӯмакҳои молӣ намуд.

Фирдавс Шарифзода зимни суҳбати самимӣ бо эҳтиёҷмандон ва имконияташон маҳдуд таъкид дошт, ки Давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ғамхорӣ ва парастории чунин қишри ҷомеа ҳамеша омода буда, хидмати чунин ашхос доимо қадршиносӣ хоҳад шуд.

Аёдатшудагон: собиқадори ақибгоҳ, бонуи 90 сола Вера Дорофева, Абдуҷаббор Муъминов, ки ду фарзанди маъюб дорад, Розия Ёқубоваи 80 солаи нуқсони ҷисмонидошта, Собирҷон Ҷўраеви ҷавон ва дигарон аз ташрифи ногаҳонии шаҳрдор болида гардида, аз ин таваҷҷуҳу иқдомоти Давлату Ҳукумат сарфароз гардида, миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд