(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altЧун анъана бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар остонаи таҷлили солгарди ҷашни Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шуъбаи фарҳанги шаҳри Хуҷанд ва Ташкилоти ҷамъиятии “Сипари сулҳ” байни наврасони синни то 18 солаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд озмуни “Рассоми ҷавонон” ва “Ҳунарҳои мардумӣ”-ро дар мавзӯи «Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ», “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор менамояд.

Тавре масъулин иттилоъ доданд озмуни мазкур бо мақсади тарғибу ташвиқи ғояҳои ватандӯстӣ, дарёфти истеъдоди насли наврас, муайян намудани маҳорат ва малакаи рассомии иштирокчиёни озмун, дастгирии истеъдодҳои наврасон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардида, ҳамасола шумораи зиёди наврасони соҳибистеъдодро сарҷамъ мекунад.

Қабули маводҳои озмун аз санаи 10 феврал оғоз ёфта, мӯҳлати ниҳоии қабули расмҳо ба санаи 20 феврал муқаррар гардидааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд