(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода Маркази тиббии дандонпизишкии “Винир” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Маркази тиббии дандонпизишкии “Винир” дар ошёнаи якуми бинои навбунёду  хуштарҳу замонавии баландошёнаи микроноҳияи 19-уми маҳаллаи “Суғдиён” ҷойгир гардида, ба истиқболи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Фирдавс Қобилов ва Ҷаҳонгир Раҳматов бунёд шуда, дорои беҳтарин шароиту имкониятҳои ташхисию табобатӣ мебошад.

Дар Марказ 10 утоқҳои корӣ мавҷуд буда, дар як вақт ба 5 нафар мизоҷон бо усулҳои муосир хизматрасонӣ аз ҷониби 15 нафар дандонпизишкон ва кормандони техникӣ хизматрасонӣ карда мешавад. Табобати дандонҳои бо усули анъанавӣ ва муосир ба роҳ монда шуда, дандонпизишикон дар хориҷи кишвар таҷрибаи кофӣ омўхтаанд. Таҷҳизоту техноогияи Марказ аз хориҷи кишвар дастрас гардида, зимни табобат таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, бахсус Аврупо ба кор бурда мешавад. Ҳангоми таббат барои мизоҷон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, ки дар зудтарин фурсат он бо сатҳи баланди хизматрасонӣ ба анҷом расонида мешавад. Ҳамзамон барои фароҳам овардани шароити созгор як автомашинаи сайёр низ дар хизмати мизоҷон қарор дода шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки бо фармони Вазири тандурустии ҷумҳурӣ    дар ҳама муассисаҳои   стоматологӣ тести оҷилӣ ба роҳ монда шудааст. Пеш аз қабул ба табобат  бемор аз   тестҳои оҷилие мегузарад, ки    ба  бемориҳои сироятӣ гирифтор будан ё набудани ӯро дар ду дақиқа муайян мекунанд. Ҳамчунин барои табобати дандонҳо ҳар як стоматолог бояд аз маводи яккарата истифода барад ва чунин шароит муҳайё карда шудааст.   Мутахассисони Маркази тиббии дандонпизишкии “Винир” барои пешгирӣ ва  муайян кардани  бемории сироятӣ  тамоми корҳоро пеш бурда истодаанд,   то  ягон нафар ба бемориҳои сироятӣ гирифтор нашавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми шиносоӣ бо шароити Марказ ба он баҳои баланд дода, ба соҳибкорони маҳаллӣ барои дастгирии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат изҳори сипос карда, ба масъулони раёсати тандурустии вилояти Суғд дастур дод, ки барои ташкили чунин Марказҳои муосири дандонпизишкӣ фаъолияти хешро ҷоннок намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд