(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар тарабхонаи “Мирзоҳабиб”-и шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии “Дастархонороӣ” бо иштироки 22 маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуд.

Ҳар як маҳаллаҳои шаҳр намунаи хўроку анвои хўрдании хешро бо санъату маҳорати хоса ба маърази тамошо гузоштанд.

Бояд қайд намуд, ки озмуни мазкур дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарорҳои дахлдори Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамасола баргузор мегардад, ки ҳадафи он сарфакорона ва моҳиронаву ҳунармандона оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо маҳсуб мешавад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки миллати тоҷик яке аз қадимтарин мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ бо мероси бои фарҳангии моддӣ ва ғайримоддӣ мақоми шоиста касб намудааст. Халқи тоҷик на танҳо дар бахши омодасозии анвои таъомҳои миллӣ, балки дар дастархонороӣ низ маҳорати баланд дошта, хони оростаи ҳунармандони он на фақат маъракаҳои хонаводагӣ, балки ҷашнҳои пуршукӯҳи идонаи миллиро зебу зиннати хоса мебахшад.

Ҳайати ҳакамон баъди азназаргузаронӣ ва хулосаҳои худ ғолибонро муайян намуданд. Доварони озмун бештар ба сарфакоронаю моҳирона оростани дастархон, зебо, хушоянд, дилписанд будани он бо риояи анъанаҳои суннатӣ ва таомҳои миллӣ баҳогузорӣ намуда, маҳз камхарҷии онро ба инобат гирифтанд.

Ҳамин тавр, мақоми аввалро маҳаллаи “Сирдарё”, ҷойи дуюмро мактаби санъати №4 ва зинаи сеюмро маҳаллаи “Навбаҳор”-и шаҳр соҳиб гардиданд. Ба маҳаллаҳои фаъоли шаҳр Сипосномаҳои Раиси шаҳр тақдим карда шуд. Аз номи иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзодаро ба ғолибони мақомҳои ифтихорӣ диплом ва туҳфаҳои хотиравиро Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим намуд.

Акнун барандаи мақоми аввали озмуни шаҳрӣ, яъне маҳаллаи Сирдарё дар даври вилоятиии “Озмуни дастархонороӣ” иштирок хоҳад намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд