(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд беҳтар намудани сифати хизматрасонии идораи партовкашониро талаб намуд.Дар баробари ба сомон расондани корҳои ободонӣ ва гулзоркунӣ дар маркази вилоят Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар самти тозаю обод нигоҳ доштани шаҳр чораҳои ҳамарӯза менандешад. Бо фарорасии фасли гармо Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд фаъолияту ҷадвали кории худро ба мавсими тобистон мувофиқ намуд. Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолити корхонаи мазкур Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба ин муассисаи давлатии хизматрасонӣ омад.
Корхонаи мазкур мувофиқи ҷадвали кории худ дар се баст аз мавзеҳои гуногун партовҳоро ҷамъоварӣ менамояд. Барои ин кор 27 нақлиёти махсусгардонишуда ҳамарӯза вобаста буда, дар тамоми шаҳр 1300 қуттҳои партов гузошта шудаанд. Дар муассиса захираи кофии қуттиҳои махсуси партов мавҷуд буда, имкони таъмини пурраи шаҳри Хуҷанд бо қуттиҳои мазкур  мавҷуд аст. Раҷаббой Аҳмадзода бо кормандону роҳбарияти идораи мазкур мулоқот намуда, нисбати шароити кор, пардохти саривақтии маош ва таъмини иҷтимоии онҳо таваҷҷӯҳ намуд. Кормандон изҳор намуданд,ки корхона маоши онҳоро сари вақт пардохт намуда, шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст. Тамоми кормандон бо либосҳои кории тобистона ва зимистона таъмин ҳастанд. Мувофиқи шартнома барои хизматрасонӣ сари ҳар як нафар аҳолӣ 5 сомонию 35 дирам нарх муқаррар гардида, корхонаю ташкилотҳо бошанд барои ҳар як куби партови баровардашуда 38 сомонию 56 дирам пардохт мекунанд.
Бо қӯмаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаригашта муассисаи мазкур соҳиби 18 воситаҳои нави  наклиёт гашт, ки аз он 9 нақлиёт барои кашондани партов пешбинӣ гардидааст. Соли равон бошад бо кӯмаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд боз 3 нақлиёти партовкашонӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуда мавридиистифода қарор дода шуд.
Мувофиқи нақша то интиҳои соли 2015 дар партовгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд коргоҳи коркарди партов ва корхонаи безараргардонии лампаҳои каммасраф сохта хоҳад шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баъди боздид аз ҳолати воситаҳои нақлиёти мавҷуда ба роҳбарияти муассисаи давлатии коммуналии хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд доири омодагӣ ба фасли зимистон дастурҳои мушаххас дод.