(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъоляит дар соли 2020 бо иштироки Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ва Абдумавлон Абдуллозода, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд ва кормандони марказ баргузор гардид.

Тахмина Усмонова, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд доир ба бурду бохти соҳа дар соли 2020 маърўза намуда, аз ҷумла афзуд, ки кормандони Марказ дар асоси талаботи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа ҳамарўза ҷиҳати дар сари вақт ошкор намудани ҳолатҳои қонуншиканӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда, пешгирии бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ, гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд. Тибқи муқаррароти Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ», ба ҳамаи норасогиву камбудиҳо ва мушкилиҳо нигоҳ накарда аз тарафи мутахассисони соҳаи санитарӣ то имрўз вазифаву ўҳдадориҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гузоштааст, софдилона иҷро карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли сипаригардида азнавсозии таҳлилгоҳи бактериологии марказ ба анҷом расид. Барои пешгирӣ ва мубориза бо бемории сироятии Ковид-19 аз тарафи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба маблағи 460 000сомонӣ ҷудо карда шуда, харидории корҷомаҳо, дастпушак, ниқоб, респиратор, антисептик, сўзишворӣ барои гузаронидани корҳои безарагардонӣ, маводҳои безараргардонӣ таъмин карда шуданд. Бо дастгирии маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд 9 900кг маводи гипохлориди натрий захира ва истифода бурда шуд. Инчунин баҳри дарёфти саривақтии беморон ва гумонбарон бо Ковид-19 5860адад тестҳои оҷилӣ дастрас ва истифода карда шуд.

Тахмина Усмонова афзуд, ки аз тарафи шуъбаи гигиенаи коммуналӣ дар соли 2020 114-адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсони масъули ба камбудиҳо роҳ дода тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи 19632 сомони ҷарима гардидаанд. Аз тарафи шуъбаи гигиенаи кўдакон ва наврасон дар соли сипаришуда 125 муассисаҳои зериназоратӣ бо муоина фаро гирифта шуда, 20 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 8846 сомонӣ ҷарима гардидаанд.

Вобаста ба вазъи эпидемиологии сироятёбии аҳолии шаҳр ба бемориҳои илтиҳоби шадиди шуш ва коронавируси нави COVID-19 иттилоъ дода шуд, ки он ба эътидол омада истода бошад ҳам вазъи пандемикии давлатҳои дунё ташвишовар боқӣ мондааст. Аз ин лиҳоз фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ дар сатҳи кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва бистарикунонӣ мувофиқ ба талаботҳои ситоди Ҷумҳуриявӣ ва вазорати тандурустӣ дар ҳолати пандемикӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ҷараёни ҷаласа Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ва Абдумавлон Абдуллозода, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд баромад намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки мутахассисони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд, дар қатори дигар кормандони соҳаҳои хоҷагии халқ, фаъолияти пурсамар намуданд ва дар яонда низ барои боз ҳам беҳтару хубтар фаъолият кардан ва бартарафкунии камбудию норасоиҳои фаъолияти худ чораҳо меандешанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд