(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt Ғолибони 4 - умин олимпиадаи байналмиллалии BRICMATH-2020 аз фанни математика, ки аз ҷониби кишварҳои узви паймони БРИКС (маммолики Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) ташкил карда шуда буд, эълон гардид.

Дар қатори беш аз 2 миллион иштирокчӣ аз 7 кишвари олам, 22 нафар хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд низ дар олимпиадаи мазкур аз фанни дақиқ бо забони англисӣ тариқи фосилавӣ (онлайн) иштирок намуда, аз онхо 15 нафар хонандагон мақоми аввал ва ғолибиятро дар озмуни мазкур ба даст оварда бо Диплом ва медалҳои фахрӣ сазовор гардиданд.

Тибқи иттилои директори Литсей барои хонандагони болаёкат дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Неъматова дар натиҷаи ҷамъбасти озмуни сатҳи чахони хонандагони зерини литсей бо ба даст овардани холҳои беҳтарин шарафи Тоҷикистонро дар ин озмун ҳимоя намуда, ғолибиятро ба даст оварданд. Инхо: Ибрагимов Сарвар, Раҳимов Меҳрвар, Ибрагимов Раҳимҷон, Тоҷибоев Абдухолиқ, хонандагони синфи 11, Акрамӣ Назокат - хонандаи синфи 8, Каримов Анушервон, Абдуқодиров Мирзоибодулло, Собирзода Меъроҷ, Раҳимов Абубакр, Раҷабов Наврӯзшоҳ, Орипов Абубакр Шукуров Баҳодур, Аҳмадов Самад хонандагони синфи 7, Фозилов Мубин ва Асрорӣ Сулаймон - хонандаи синфи 6 мебошанд.

Бояд қайд намуд, ки Олимпиадаи ҷаҳонии BRICMATH-2020 аз фанни математика аз ҷониби кишварҳои узви паймони БРИКС (кишварҳои Бразилия, Россия, Хиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) ташкил карда шуда, дар он хонандагони синфҳои 1-11 аз кишварҳои гуногуни олам иштирок мекунанд. Имсол соли 4 ум аст, ки олимпиадаи мазкур ташкил карда шуда, бо сабаби пандемияи коронавирус озмун тариқи фосилавӣ сурат гирифт.

Ҳадафи асосии озмун ин ҷалби кўдакон ба фанҳои дақиқ, аз ҷумла риёзӣ ва рушди тафаккури мантиқии хонандагон мебошад. Масъалаҳои пешниҳодшуда тибқи Низомнома бо забони англисӣ ва хитойӣ омода гардида, яке аз талаботи озмун ин донистани забони англисӣ мебошад.

Лозим ба таъкид аст, ки дар раванди соли хониши 2020-2021 Литсей барои хонандагони болаёкат дар шаҳри Хуҷанд аллакай дар олимпиадаҳои ҷаҳони дар кишварҳои Таиланд, Туркия(Анталия) , Федератсияи Руссия(Москва) иштирок намуда, 39 медалро ба даст оварданд, ки аз ин микдор 22 медали тилло, 8 медали нуқра ва 9 медали биринҷиро ташкил дода, ин натиҷа дастоварди беназири мактабиёни шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб меравад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд