(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода ҷаласаи ҷамъбастии соҳаи маориф дар соли 2020 баргузор гардид.

Нахуст ғолибони спартакиадаи омўзгорон қадршиносӣ гардиданд ва ҳамзамон ба якчанд нафар омўзгорон барои фаъолияти пурсамарашон унвонҳои “Аълочии маориф” ва Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Сипас, Муҳайё Акмалхўҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд доир ба бурду бохти соҳа дар соли 2020 маълумот дода, аз ҷумла афзуд, ки дар шаҳр 50 мактаб, 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ, аз он ҷумла 27 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 литсей, 4 гимназия, 15 мактаби хусусӣ, 1 мактаб – интернати ёрирасон, 1 комплекс кўдакистон - мактаби махсус барои кўдакони қувваи босираашон суст ва нобино фаъолият менамояд. Дар ин давра, дар маҳаллаи Мевағул гимназияи “Эҳёи маънавият”, дар маҳаллаи Сирдарё МТҒ “Институти таълимии ибтидоии Аркон” ва дар хиёбони С.Айнӣ “Эҳёи маънавият” муассисаи таълимии “Камоли Хуҷандӣ” ба фаъолият оғоз намуданд.

Инчунин сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, сохтмони бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатии “Мактаби Пўлотов”, муассисаи томактабӣ дар маҳаллаи Содирхон Ҳофиз ва азнавсозии муассисаи томактабии №35 бомаром идома дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаҳои таълимӣ мониторинги сатҳи дониши хонандагон муайян карда шуд, ки дар ҷамъбасти соли таҳсили 2019-2020, сифатнокӣ 53,7 ва азхудкунӣ 99,9 фисадро ташкил дод. Ҷиҳати ҷорӣ намудани тартиботи қатъӣ ба раванди таълим ҳамарўза муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ назорат бурда мешавад. Дар раванди назорат давомоти омўзгорону хонандагон, омодагии омўзгорон ба дарс, риояи либоси мактабии онҳо, ҳуҷҷатнигорӣ ва ғайра тибқи саволнома санҷида мешавад.

Муҳайё Акмалхўҷаева доир ба раванди иҷрои “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» гуфт, ки давоми солҳои 2018-2019 95 адад кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла кабинетҳои физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, суруд ва мусиқӣ пурра таҷҳизонида шуданд. Дар 2020 2 адад кабинети физика, 2 адад кабинети химия, 1 адад кабинети математика ва 4 адад кабинети суруд ва мусиқӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ оиди рўй овардан ба китобу китобхонӣ дар китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ омўзгорону хонандагон аъзо буда, мунтазам аз китобҳои бадеиву методӣ самаранок истифода мебаранд. Иштироки фаъолонаи омўзгорону хонандагон дар озмунҳои “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Шеърхони беҳтарин”, “Рўдакихонӣ”, “Камолхонӣ”, “Шукўҳихонӣ” бозгўи суханҳои болост.

Ҳамчунин хонандагони шаҳр дар олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ тариқи шабакаҳои интернетӣ қувваозмоӣ менамоянд. Дар 2020 240 нафар хонандагон дар чунин озмунҳо ширкат варзида, 154 нафари онҳо ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардидаанд.

Дар ҷараёни ҷаласа ҳамзамон директорони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази таҳсилот иловагӣ ва Маркази технилогияи иттилоотӣ ва коммуникатсионии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд аз фаъолияти хеш дар соли сипаригардида ҳисобот доданд.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд дар ҷаласаи ҷамъбастии соҳаи маорфи баромад намуда, ҷиҳати боз ҳам баланд бароштани савияи дониши хонандагон, фаъол намудани иштироки муҳассилин дар олимпиадаву озмунҳо, таќвияти корҳои ободонӣ ва дигар масъалаҳои рўзмарра роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳрро муваззаф намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд