(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altБарномаи нахустини телевизионии интерактивӣ таҳти унвони «Донишманд» тариқи ТВ «Суғд» пахш гардид, ки дар он байни донишҷўёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ва Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон бо ҳам донишозмоӣ намуданд.

Ҳамин тавр дар нахустин барномаи «Донишманд» бо ба даст овардани 35 хол донишҷўёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ғолибият ба даст оварда, ҳуқуқи иштирок дар даври ниҳоии озмуни телевизиониро ба даст оварданд.

Тавре, ки масъулини телевизиони вилояти Суғд иброз доштанд, ҳадафи барномаи «Донишманд» дарёфт ва муаррифии истеъдодҳою чеҳраҳои нави донишманд дар сатҳи вилоят буда, ба ин васила раванд ва сифати донишомўзии донишҷўён дар макотиби олии вилоят бо роҳандозии рақобати солим омўхта мешавад. Силсилсилабарномаи «Донишманд» бо иштироки дастаҳои донишгоҳҳои олӣ то рўзҳои таҷлили иди Наврўзи байналмилал сурат гирифта, ғолибон бо диплом ва туҳфаҳо қадршиносӣ хоҳанд шуд.

Зикр гардид, ки барномаи «Донишманд» бо ибтикори гуруҳи ҷавонони «Авангард» бо дастгирии РВКД ҶТ дар вилояти Суғд, раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят ва идораи ТВ Суғд роҳандозӣ гардидааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд