(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади шарҳ ва татбиқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, истифодаи сарфакоронаи нерўйи барқ, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии ҷалби шаҳрвандон, аз ҷумла наврасон, ҷавонон, донишҷўён, омўзгорону устодон ба таълими динӣ ва иштироки онҳо дар арсму оинҳои динӣ ва тақлидкорӣ ба либоси бегона ва истиқболи сазовори ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд силсилаи мулоқоти вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят оғоз гардид.

Нахуст чунин вохўрӣ дар беморхонаи шаҳрии №1 бо вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Бофанда№2»-и шаҳри Хуҷанд Саодат Аминҷонова бо интихобкунандагони ҳавзаи мазкур баргузор гардид.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд мулоқотро оғоз намуда, ҳадафи онро шарҳ дод.

Саодат Аминҷонова, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Бофанда№2»-и шаҳри Хуҷанд доир ба нишондиҳандаҳои рушду тараққиёти вилояти Суғд дар соли 20202 иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, дар натиҷаи тадбирандешиҳо рушди соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 21,6 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 104,5 фоиз расонида шуд. Ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят дар ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 26,2 фоизро ташкил намуд. Ба таъсири омилҳои манфӣ нигоҳ накарда, дар соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 15,4 млрд. сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 117,4 фоиз таъмин гардид. Дар соли 2020 дар миқёси вилоят 107 корхонаву коргоҳи нав бо 1570 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар самти истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, бахусус коркарди маҳсулоти кишоварзӣ пешравиҳо назаррас мебошанд. Аз ҷумла, истеҳсоли консерваҳои меваю сабзавот ба 30,3 млн. қуттии шартӣ расонда шуда, суръати афзоиш 1,5 баробар таъмин гардид. Ҳамзамон, бинобар пеш омадани зарурат, баҳри пешгирии паҳншавии пандемияи коронавирус, дар корхонаҳои саноатии вилоят истеҳсоли ниқобу либосҳои муҳофизатӣ ва антисептикҳо ба роҳ монда шуда, дар маҷмӯъ то ин давра 5 миллиону 215,2 ҳазор адад ниқоби тиббӣ, 9531 адад либоси махсуси тиббӣ ва 341,3 ҳазор дона маҳлули антисептикӣ истеҳсол карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори раиси вилоят аз 14 марти соли 2018, №89 “Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шуданд. Тибқи нақша дар вилоят бунёд ва таҷдиди 7190 иншооти ҷашнии истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардида, то ин давра 5990 иншооти гуногун ба истифода дода шуд ва нақшаи умумӣ 83,3 фоиз иҷро шудааст. Дар соли 2020 ҳаҷми умумии гардиши савдо 11 млрд. 54,2 млн. сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 3 млрд. 282,4 млн. сомониро ташкил дод.

Саодат Аминҷонова ҳамзамон доир ба масоили рўзмарра, аз қабили истифодаи сарфакоронаи нерўйи барқ, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии ҷалби шаҳрвандон, аз ҷумла наврасон, ҷавонон, донишҷўён, омўзгорону устодон ба таълими динӣ ва иштироки онҳо дар арсму оинҳои динӣ ва тақлидкорӣ ба либоси бегона ва ғайраҳо баромади пурмуҳтаво намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд