(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Сӯҳбати Раиси шаҳр бо савдогарони бозорҳои Панҷшанбе.Чандест, ки сокинони маркази вилоятро боло рафтани нархи гӯшту биринҷ ба ташвиш овардааст. Дар баробари ин тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи Рамазон чораҳои амалӣ барои паст намудани нархи маҳсулоти хӯрока бояд андешида шаванд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо нархи маҳсулоти ниёзи мардум фаъолияти бозорҳои марказии дар мавзеи «Панҷшанбе» ҷойгир шуда боздиди корӣ намуд.
Раиси шаҳрро сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Хуҷанд, сардорони нозироти андози ва идораи сӯхторнишонӣ, роҳбарияти асотсиатсияи соҳибкорони шаҳр ва кормандони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамроҳӣ намуданд. Бо ин мақсад тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ идораи «Тоҷикматлубот»- вилояти Суғд дар арафаи моҳи Рамазон ярмарка-фурӯши маводи ғизо орду равған биринҷ ва ғайра ташкил карда хоҳад шуд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода супориш дод, ки ярмаркаи мазкур санаи 25 моҳи равон дар майдони Регистони мавзеи Панҷшанбе ташкил карда шавад. Дар он тамоми намуди маҳсулот 25-30 фоиз нисбати нархи бозор пешниҳод карда мешавад.
Ҳоло дар бозорҳои маркази вилоят нархи як килограмм нархи гӯшт 30-32 сомон буда, гӯшти воридшуда 23-24 сомонӣ аст. Нархи биринҷ бошад то 6 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамрӯза ба ин бозорҳо ба ҳисоби миёна 8-10 тоннагӣ сабзӣ, картошка ва пиёз дохил мешавад, ки он талаботи харидорони шаҳри Хуҷанд ва қисме аз шаҳру ноҳияҳои вилоятро қонеъ менамояд.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздид бо фурӯшандагони гӯшту биринҷ сӯҳбат анҷом дода, пешниҳод намуд, ки дар арафаи моҳи рамазон ҳаддалимкон нархи маҳсулотҳои номбурдаро пасттар намуда, ба шахсони ниёзманд барои харидорӣ намудани он кӯмак намоянд. Ба роҳбарияти бозорҳо ва нозироти андоз супориш дода шуд, ки иловатан 4 дӯкони гӯштфурӯшӣ ташкил карда шуда, барои соҳибони моли кушташуда аз ноҳияҳои вилоят, дар ин дӯконҳо бе пардохти маблағи «таҳҷойӣ» шароит фароҳам оранд.