(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Об – омили муҳимтарини ташаккулёбии муҳити дохилии ҷисми инсон ва дар айни замон, муҳити атроф низ мебошад. Ҷойе, ки об вуҷуд надорад, мавҷудияти ҳаёт ғайриимкон аст. Дар об тамоми равандҳои зарурии ба ҷисми зинда хос, ки сайёраи моро фаро гирифтаанд, ба миён меояд. Нокифоягии об дар ҷисми инсон (дегидрататсия) ба вайроншавии кори тамоми узвҳои организм ва ҳатто, ба марг оварда мерасонад.  

Камшавии миқдори об ба шумори 10% дигаргуниҳои куллиро боис мегардад. Мубодилаи бофтаҳо, равандҳои мухталифи фаъолияти ҳаётӣ дар муҳити обӣ ба вуқўъ мепайванданд. Об дар раванди мубодилаи обу намак дар ҷисми зинда фаъолона ширкат меварзад. Раванди узвҳои нафаскашӣ ва ҳозима дар муҳити оби кофӣ сурат мегирад. Об – ҳалкунандаи беназир аст. Он ҳамаи моддаҳои фаъоли физиологиро ҳал менамояд. Об ҷисми моеъ буда, сохтори муайяни кимиёвиву табииро дорост, ки қобилияти онро ҳамчун ҳалкунанда мушаххас месозад. Организмҳои зинда, ки оби дорои сохтораш гуногунро истифода мебаранд, ба таври мухталиф нумўъ ва инкишоф менамоянд. Аз ин лиҳоз, сохтори обро ҳамчун омили муҳимтарини биологӣ метавон баррасӣ намуд. Ба сохтори об таркиби ионии он таъсири назаррас мерасонад.

Таркиби маъдании обҳо вобаста аз шароити ҷуғрофии маҳалли муайян фарқияту дигаргуниҳои зиёд доранд. Обҳои табиӣ миқдори на он қадар зиёди газҳои ҳалшуда, моддаҳои органикиву маъдании аслан табииро дар худ ҷой медиҳанд. Ғунҷоиши (консентратсияи) умумии моддаҳо, ки дар оби сифатан олӣ ҳал шудаанд, то 102мг\л –ро метавонанд ташкил диҳанд. Меъёрҳои байналмилалӣ, ки ҳадди имконпазири ғунҷоиши моддаҳои органикиву ғайриорганикӣ, инчунин микроорганизмҳоро ба тартиб меандозад, дар аксари кишварҳои олам арзи вуҷуд доранд. Ин меъёрҳо кафолати бехатарии оби нўшокӣ маҳсуб меёбанд.

Об аз давраҳои қадим ҳамчун сарчашмаи ҳаёт эътироф карда шудааст. Он яке аз зуҳуротҳои аҷибу мураккабро мемонад. Об хосиятҳои зиёди нодирро дорост, ки инсон метавонад дар тўли умраш аз он амалан истифодаи муфид барад. Қувваи обро, дар баробари қувваи офтоб ва қувваи шамол метавон ҳамчун манбаи таҷдиди қувваи барқ баррасӣ намуд. Захираҳои нафту газ ва ангишт айни замон дар сайёра ихтисор ёфта, истифодабарӣ ва хароҷоти онҳо афзуда истодаанд, аз ин лиҳоз, ҷустуҷўи роҳҳои иловагии дарёфти манбаи энергия ба миён омада истодааст. Дар ин ҷода омили беҳтарин об мебошад.

Обро ҳамчун манбаи қувва (энергия) одамон ҳанўз аз давраҳои қадим истифода мебурданд. Мо метавонем осиёбҳое, ки бо рўдҳо идора мешуданд, ба хотир орем. Ғояи асосии кори онҳо душвор набуда, ин ҷо об метавонад бисёр чизҳои муфидро ба сомон расонад: зери таъсири ҷараёни оби ҷорӣ дулоб (чарх) давр мезанад. Дар ин маврид қувваи кинетикии об ба кори механикии дулоб табдил меёбад. Аҷибаш ин ки, чунин принсип дар истгоҳҳои барқии замонавӣ низ мушоҳида мегардад. Аммо дар онҳо гузариши қувваи механикӣ ба қувваи барқӣ рух медиҳад.

Вобаста аз тағйиротҳо дар мавриди таҳлили имкониятҳои истифодабарӣ аз қувваи барқ метавон се намуди онро ҷудо намуд:

1. Энергияи (қувваи) мадду ҷазр. Дар ҷараёни мадд пуршавии зарфиятҳои махсус, ки дар хатти соҳил ҷойгиранд, рух медиҳад. Ин зарфиятҳо ба сабаби сарбандҳо ба вуҷуд меоянд. Ҳангоми гузариши ҷазр об ба ҷараёни муқобил ҷорӣ мешавад. Ин ҷоришавӣ барои гардиши қубурҳо, инчунин, барои азнавҳосилшавии энергия истифода бурда мешавад.

2. Энергияи мавҷҳои баҳрӣ. Метавон изҳор намуд, ки ҷараёнҳои дар ин тарзи ҳосилшавии энергия баамалмеомада низ бо банди дар боло баёнгашта шабеҳанд. Аммо фарқият ногузир аст. Чунин намуди энергия иқтидори қиёсии бузургро дорост (ин ҳангом иқтидори мавҷҳои уқёнусӣ метавонад то 15кВт\д) расад. Агар баландии мавҷ то 2 метр расад, пас иқтидори энергия метавонад то 80 кВт\д.-ро ташкил диҳад.

3. Истгоҳҳои обиву барқӣ (ИОБ-ГЭС). Чунин намуди ҳосилшавии қувваи барқ дар натиҷаи истифодабарии якҷояи таъсири мутақобили офтобу шамол ва об амалан имконпазир мегардад.

Бухоршавӣ аз ҳисоби нури офтоб аз сатҳи баҳру дарёҳо ба вуқўъ меояд. Дар натиҷа, абрҳо пайдо мешаванд. Дар пайгирии вазидани шамол об дар намуди газ ба кўҳҳо равона шуда, он ҷой сард гашта, чун боришу намӣ меборад. Пас аз ин, об ба манбаҳои ибтидоии худ бармегардад.

Чуноне ки дар боло зикр шуд, захираҳои нафту газ дар сайёра на он қадар зиёд боқӣ мондааст. Захираи об низ, ки манбаи асосии қувваи барқ мебошад, коста истодааст.

Давраи мо замони пешрафти илму техника аст. Сареҳан, ягон соҳаи илм ё соҳаҳои ҳаётан зарурӣ бе мавҷудияти қувваи барқ арзи ҳастӣ намуданашон аз имкон берун аст. Аз ин рў, ҳар як фарди солимақл, ки зарурияти ҳастии обро дар ҳаёти инсоният ва шахсан дар ҳаёти худ дарк мекунад, бояд қувваи барқро сарфаву сариштакорона истифода барад, барои он ки, сарватҳои табии беохир нестанд. Аз исрофкорӣ дар истифодаи об ва қувваи барқ худдорӣ намояд, то наслҳои ояндаи инсоният низ аз ин неъматҳои бебаҳо – чун об ва қувваи барқ бархурдор гарданд!

Муҳиба Комилова, номзади илмҳои биологӣ,
сармуаллимаи кафедраи тиббӣ - биологии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров