(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Боғи ботаникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанд аз тарафи кормандони Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳри Хуҷанд беш аз 200 бех дарахти сўзанбарг шинонида шуд.

Дар ҷараёни шинонидани ниҳолҳо Хайрулло Ғайбуллозода, муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, таъкид дошт, ки ҳашари умумии ниҳолшинонӣ ва зебогардониро дар доираи истиқболи ҷашни умумимиллӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд ташкил карда шудааст.

Кормандони кормандони Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳри Хуҷанд дар мавзеъи мазкур ҳамчунин бехи ниҳолҳои дарахтони ороишию ҳамешасабзро нарм карда, корҳои тозакуниву ободонӣ анҷом доданд.

Бояд қайд намуд, ки масоҳати умумии Боғи ботаникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанд беш аз 14 гектарро ташкил медиҳад. Мақсади Боғи ботаникӣ парвариш ва гирд овардани набботи минтақа, растаниҳои нодиру ороишӣ, мевадиҳандаю сояафкан, ба иқлим мутобиқгардонии растаниҳои нави фоидаовар, дар шароитҳои сунъӣ нигоҳ доштани растаниҳои камёфт ва намудҳои нобудшаванда, аз ҷумла дигар обектҳои ботаникие, ки хусусияти муҳими илмӣ ва фарҳангӣ доранд, мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд