(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шанбегӣ дар соҳили дарёи Сир.Мувофиқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода имрӯз дар маркази вилоят бо ҳамдастии кормандони муассисаҳои варзишӣ, ҳифзи муҳити зист ва аз корхонаю муассисаҳо дар соҳили дарёи Сир шанбегӣ гузаронида шуд. Мақсади багузории ин чорабинӣ ин дар фасли тобистон дар ҳолати тозаю обод нигоҳ доштани соҳили дарё ва эмин нигоҳ доштани он аз ҳар гуна партовҳои зараррасон буда, масъулини бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ва ҳифзи муҳити зист соҳили дарёро аз кӯпруки марказии шаҳр то кӯпруки «Ҷашнӣ» аз алафҳои бегона, партовҳои маишӣ ва ғайра тоза намуданд. Барои сари вақт баровардани партов аз ҳудуди шаҳр воситаҳои техникӣ сари вақт аз ҷониби КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ» пешниҳод карда шуд.
Дар шанбегии мазкур наздики 1000 нафар иштирок намуданд.