(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба манзили Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Баҳриддин Ахмедов рафта, эшонро аёдат намуданд.

Зимни суҳбати самимӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз хизматҳои шоёни Баҳриддин Ахмедов ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки мавсуф баробари таъсисёбии вилояти Ленинобод (Суғди имрӯза) моҳи декабри соли 1970 ба узвияти кумитаи ташкилии вилоят пешбарӣ гардида, ӯро 14 феврали соли 1971 дар Иҷлосияи якуми Шўрои депутатҳои меҳнаткашони вилояти Ленинобод котиби комиҷроияи Шўрои депутатҳои вилоят интихоб карданд ва дар ҳамин вазифа то ба нафақа баромадан, яъне соли 1993 фаъолият бурд. Баҳриддин Ахмедов дар муддати тўлоние, ки дар комиҷроияи Шўрои депутатҳои вилоят фаъолият бурданашон барои таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ, рушду нумўи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, саноат, сохтмон, маориф, тандурустӣ ва дигар ҷабҳаҳои хоҷагии халқи вилоят саҳми арзанда гузошт. Маҳз бо заҳмату кўшишҳои Баҳриддин Ахмедов дар ҳайси котиби комиҷроияи Шўрои депутатҳои вилоят корҳои омодагию ташкилии Иҷлосияи 16-уми Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои он дар сатҳи баланд гузашт.

Таъкид шуд, ки дар таърихи даврони шўравии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр шахсиятҳои маъруф бо корнамоиҳои меҳнатии худ дар ҷомеа сазовори таҳсину офаринҳо гардиданд. Ҳар халқу миллат бо бузургону абармардони хеш ифтихору сарбаландӣ дорад. Мо бисёр ифтихор дорем, ки имрўз дар қатори бузургон роҳбари кордону ташкилотчии хуб ва таҷрибадор, марди фидокору ғамхор ва яке аз пешқадамтарин фаъоли шаҳру вилоят, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, устод ва мураббии садҳо роҳбарон Баҳриддин Ахмедовро ном мегирем. Саҳми ин шахси номвар дар пешрафти маънавиёту иқтисодиёти ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол басо назаррас мебошад. Дар ҳаёти Баҳриддин Ахмедов рўзҳои фаромўшношуданӣ хеле бисёранд ва ҳар яки онҳо ҳолномаашонро бо рангҳои назаррас муҷалло сохтаанд. Баҳриддин Ахмедов ҳанӯз дар замони ҷавониаш дар вазифаҳои дастурдеҳи Кумитаи ҳизби Коммунисти ноҳияи Ашт, котиби ҳизби Комунистии хоҷагии ба номи Тӯйчӣ Эрҷигитов фаъолият намудааст. Соли 1968 муовини раиси комиҷроияи Шўрои депутатҳои ноҳияи Ашт интихоб гардидааст.

Зикр гардид, ки Ватан хизматҳои хоксоронаи ин абармардро қадр кардааст. Баҳриддин Ахмедов барои хизматҳои шоёнашон бо 2 ордени “Нишони фахрӣ”, 3 медал, Грамотаҳои фахрии Президиуми Шӯрои Олӣ ва Комитети марказии ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, унвони фахрии “Корманди хизматнишондодаи маданияти Тоҷикистон, бахшида ба 60-солагии ташкили вилояти Ленинобод бо ордени “Дўстӣ” сарфароз гардидааст. Баҳриддин Ахмедов ба туфайли меҳнати шоёну назаррас дар саросари вилоят ҳамчун роҳбари масъулиятшиносу кордон шўҳратёр гардиданд. Баҳриддин Ахмедов ҳамчун ходими ҳизбӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣ, соҳибтаҷрибаю соҳибмаърифат, хирадманд, эҷодкор, меҳрубону фидокор дар замири коргарону шогирдон маскан гирифтааст. Имрўзҳо садҳо шогирдони ин шахси наҷиб дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишварамон дар вазифаҳои мухталиф кору фаъолият бурда, барои ободию пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоранд.

Сипас, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Баҳриддин Ахмедов миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳу ғамхориашон ба ашхоси бознишаста расонида, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки бештар донишу касб омӯхта, баҳри ободии диёри аҷдодии хеш саъю талош варзанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд