(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз дар қисми ҳарбии 3501-и ВКДҶТ дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти гурўҳи таблиғотӣ бо сарбозону афсарони баҳри баланд бардоштани руҳияи аскарон, бедор намудани ҳисси ватандўстиву ҳуввияти миллӣ, муҳаббат ба Модар-Ватан, гиромидошти арзишҳои олӣ, чун ваҳдату Истиқлолияти миллӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот Дилноза Аҳмадзода, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Заррина Абдулмаинзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоирони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, Толиб Карими Озарахш, Раиси Шўрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода ва дигарон иштироку баромад намуданд.

Таъкид шуд, ки худшиносии миллӣ яке аз хислатҳои асосии ҳар миллат аст ва инкишофи он имкон медиҳад, ки миллат ҳамчун гурӯҳи устувори таърихан ба вуҷудомадаи одамон, ки дар заминаи забони умумӣ, ҳудуди зист, ҳаёти иқтисодӣ, фарҳанг ва хислати ба худ хос ташаккул меёбад, фарқ карда, таркиб ёбад. Ин раванди худшиносӣ ва рушди хислати фарҳангӣ ва ба худ хоси миллат, инчунин хислати инсонӣ низ мебошад ва ба ӯ имконият медиҳад, ки ба кадом миллат мансуб буданашро муайян намояд. Озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарастии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони ватанпарвар навишта шудаанд.

Зикр гардид, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо арзёбӣ мегардад.

Истиқлолияти давлатии мо ҳамчун дастоварди бузург ва беназир, натиҷаи озодихоҳиву ватанпарастӣ, сарсупурдагӣ, муборизаву ҷонфидоии фарзандони барӯманди миллат, бармаҳал худшиносу худогоҳ будани гузаштагони мо шинохта шудааст Ва нақши бузургони миллати мо дар ғанӣ ва рангоранг гардонидани тамаддуни ҷаҳонӣ, фарҳанги давлатдорӣ, таҳаммулпазирӣ ва дорои хусусияти инсондӯстиву одампарварӣ бағоят бузург аст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд