(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар озмоишгоҳи инноватсионии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд даври вилоятии Спартакиадаи варзишии хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Суғд аз рӯйи намуди шоҳмот дар доираи нақшаи чорабиниҳои таътили зимистонаи Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ташкил ва баргузор гардид.

Тавре, ки ба мо аз Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар даври вилоятии озмун 23 дастаи беҳтарин аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд(2 даста), Гулистон, Бӯстон (3 даста), Конибодом, Истиқлол, Истаравшан, Исфара, Деваштич, Ашт, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров (4 даста), Мастчоҳ ва Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон иштирок намуданд.

Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд (дастаи №1) хеле хуб ҳунарнамоӣ намуда, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Рақобати ниҳоии озмун хеле шавқовар доир гардида, дар натиҷа дастаи шаҳри Хуҷанд пирӯзиро ба даст овард. Ба ин тартиб дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии нохияи Ҷаббор Расулов мақоми дуввум ва дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд (дастаи №2) мақоми сеюмро касб намуданд.

Инчунин дастаҳои шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва ноҳияи Ашт бо нишондодани маҳорати хуб бо Сипосномаи Раёсати маорифи вилоят қадршиносӣ карда шуданд.

Ғолибони озмун бо Ҷом, медалҳои ифтихорӣ ва Диплому сипосномаҳо қадршиносӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд