(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар Муассисаи таълимии Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд мулоқот бо иштирочиёни даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.

Дар мулоқот Сарфарозиддин Имориддинов, омӯзгори Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд, ки дар байни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик мақоми аввалро ба даст оварда буд бо ҳамроҳии дорандагони Ифтихорномаи даври ниҳоии озмуни мазкур Лайло Қўзибоева, хонандаи синфи 5-и МТМУ №8 ва Мухлиса Комилҷонова, хонандаи синфи 6, МТМУ №15 аз таасуроти неки худ доир ба раванди баргузории озмуни умумиҷумҳуриявӣ маълумот доданд.

Таъкид шуд, ки бо ибтикор ва тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 9 феврали соли 2019 озмуни умумиҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, ки ба баланд бардоштани завқи китобхонӣ дар байни мардум, ғанӣ гардонидани захираи луғавии онҳо, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, ки аз ҳадафҳои асосии баргузории ин маъракаи муҳим ва беҳамто ба шумор мераванд, такони ҷиддӣ бахшид.

Сипас, хонандагон аз меҳмонони мулоқот доир ба таасуроташон аз озмун пурсон шуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Бояд қайд намуд, ки санаҳои 23-24-уми июли соли 2020 дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сурат гирифт, ки дар он 72 нафар довталабон, аз ҷумла 4 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, 26 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 2 нафар донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, 33 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 7 нафар калонсолон ва 13 нафар намояндагони касбу кори гуногун фаъолона ширкат варзиданд.

Аз миёни довталабони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барандагони Шоҳҷоиза ва тибқи номиннатсияҳои озмун 33 нафар ғолибон муайян гардиданд.

Аз шаҳри Хуҷанд дар даври вилоятӣ 12 нафар нафар ғолибият ба даст оварда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд ва 2 нафар соҳиби мақомҳои ифтихорӣ гардиданд ва чанде қабл аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода қадршиносӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд