(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд дар давраи таътили зимистонаи толибилмон озмуни “Саъдихонӣ” ва “Ҳофизхонӣ” баргузор гардид.

Довталабони даври ниҳоии озмун бо маҳорати баланд аз ғазалиёти шоирони забардасти тоҷик Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ ғазалҳо қироат намуданд.

Ҳайати доварон ба донишу истеъдод ва маҳорати наттоқии довталабон баҳои воқеӣ дода, беҳтаринҳоро муайян намуданд.

Дар ҷамъбасти озмун мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева иштирок намуда, ғолибони озмунро табрику таҳният гуфт.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷойи аввал насиби Биоиша Самадова аз МТМУ №17 ва Сафия Обидова аз МТМУ №3 гардид. Мақоми дуюмро Шоҳина Анварава аз МТМУ № 22 ва Анушервон Баротов аз мактаби хусусии Рустамов сазовор гаштанд. Ҷой сеюм насиби Назокат Орипова аз МТМУ №16 ва Аслия Ғафурова аз литсейи физикӣ-математикии №1-и ба номи академик Осимӣ гардид.

Ҳамчунин толибилмони муассисаҳои таълимии № 4, 9, 10, 11, 19, 25, гимназияи 13, 24, мактаби хусусии “Ирфон” ва Мактаб барои хонандагони болаёқат дар ҳузури ҳакамон аз ашъори Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ нисбатан беҳтар ғазалҳоро қироат намуданд. Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ диплом ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории озмун баланд бардоштани маҳорати суханварии хонандагон, бедор намудани завқи шеърдонию сухандонии онҳо, эҳтиром гузоштан ба ашъори ниёгон ва ҳифзу аз бар намудани ғазалиёти оламгири шоирони классики тоҷику форс мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд