(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altНимаи дуюми рӯзи 6-уми январи соли равон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд ба маъракаи васеъи ниҳолшинонӣ вусъати тоза бахшида шуд.

Худи ҳамин рўз бо иштироки ҳашарчиён дар се мавзеъи хиёбони Исмоили Сомонӣ: дар шафати собиқ мағозаи “Зафар”, майдони Камоли Хуҷандӣ ва дар ҳудуди Маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ 300 адад бех дарахтони каштан, олуи аврупоӣ ва гулбуттаи ёси ҳиндӣ шинонида шуданд, ки дар ояндаи наздик ба ҳусни ин мавзеъҳои шаҳри бостонии Хуҷанд ҷилои дигар зам хоҳанд намуд.

Зимни шинонидани дарахтони ороишӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини ободонӣ ҷиҳати нигоҳубини доимии ниҳолҳо дастуру супоришҳо дода, таъкид дошт, ки ин ниҳолҳои нодир таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд ва бояд саривақт зери дарахтон нарм карда шуда, обрасонии онро мунтазам назорат карда шавад. Зикр гардид, ки ҳамагон медонанд, ки шинондани дарахт амри хайр буда, сабаби боз ҳам сарсабзу обод шудани диёри биҳиштосоямон мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки каштан яке аз дарахтони маъмули кишварҳои Аврупо, Осиё ва Амрикои Шимолӣ, дар фазои гарми субтропикӣ парвариш карда мешавад. Дарозии он ба 30 метр мерасад, бо баргҳои калонаш дар шакли контурӣ мудаввар мешавад. Дар тамоми қисмҳои ин дарахт ғизоҳо мавҷуданд. Дарахти каштан дорои моддаҳои фаъоли биологӣ, флавоноидҳо, инчунин пектинҳо, равғанҳо, крахмал, таннин мебошанд. Дар пӯсти тана ва шохаҳо гликозидҳо, таннинҳо ва равғанҳо мавҷуданд. Каштанро барои табобат инфузияҳо, ҷӯшонҳо, тентураҳои спиртӣ истифода менамоянд. Он ҳамчунин барои гипертония, атеросклероз, бемориҳои дил ва рагҳо, барои табобат ва пешгирии тромбоз ва эмболия истифода мешаванд.

Ёси ҳиндӣ буттаи хеле базеб аст ва гулҳои сурхи зебо дорад. Аз барги он, ҳино моддаи рангубории лавсон — ранги сурхи зардтоб (барои ранг кардани матоъҳои пашмиву шоҳӣ, мӯи сар ва нохун), равғани эфир ва ғайра мегиранд.

Бояд қайд намуд, ки як моҳ инҷониб бо ташаббусу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Хуҷанд навъҳои гуногуну нодири дарахтони бисёрсолаи ороишию сояафкан оварда шуданд ва дар шоҳроҳҳо, кӯчаву хиёбонҳову марказҳои фарҳангию фароғатии шаҳр шинонида шуда истодаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд