(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Раъно Бобоҷониён, Рустам Раҳматзода ва Гулбаҳор Назирӣ бо интихобкунандагон мулоқот баргузор гардид.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода вохўриро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки он мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷадвали тасдиқнамудаи силсилаи чунин вохуриҳо бо вакилони мардумӣ аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардида, вакилон бо интихобкунандагон оид ба дастовардҳои корӣ, мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, суҳбатҳо мекунанд. Инчунин дар мулоқотҳо вазъи сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби бештари сармоя, рушди устувори соҳибкорӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки тараққиёти мамлакат манзури интихобкунандагони шаҳри Хуҷанд мегардад.

Сипас, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода, Раъно Бобоҷониён ва Гулбаҳор Назирӣ зимни баромади худ роҷеъ ба самтҳои муҳими фаъолияти парлумони мамлакат, дастовардҳои муҳими Истиқлолият, фаҳанги истифодабарии замин, эҷоди қонунҳои нав, шарҳи Муроҷиатномаи Ширкати «Барқи тоҷик», самароварии коркарди ниҳоии маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани рўҳияи худшиносививу худогоҳӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, мубориза алайҳи ифротгароӣ ва ғайраҳо баромад намуда, таъкид доштанд, ки мақсади ҳамагон расидан ба ҳадафҳои олии Роҳбарияти Давлату Ҳукумат, ки асоси онро зиндагии шоистаи мардумро ифода менамояд, мебошад. Дар ин самт дар якҷоягӣ, зери ғояи ваҳдати миллӣ ба пешвози 30 солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат баста, диёри аҷдодии хешро боз ҳам ободу зебо намоем.

Иштирокдорони мулоқот бо суолу дархост ва пешниҳодоти хешро ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуда, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд