(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд.Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳафтае як маротиба аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷҷаббой Аҳмадзода сокинони маркази вилоят барои ҳалли масалаҳои гуногун қабул карад мешаванд.
Мувофиқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода тариқи «Равзанаи ягона» сурат гирифт. Дар он сокинони маркази вилоят вобаста ба беҳтар намудани шароити манзили зист, расондани кӯмаки моддӣ, таъмири манзили истиқоматӣ, баҳси истифодаи манзил муроҷиат намуданд. Дар баробари ин сокинони шаҳри Хуҷанд Бифотима Баротова доири ба ҷавобгарӣ кашидани шавҳари наберааш барои хушунат ва Эҳсон Раҳимов дар мавриди ба роҳ мондани обунаи маҷаллаи «Наврасони ихтироъкор» дар китобхонаи бачагонаи шаҳр ба Раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуданд. Раҷаббой Аҳмадзода барои пешгирӣ намудани ҳолатҳои хушунат дар оилаи мазкур ба мутасаддиён супориши қатъӣ дода таъкид намуд, ки нисбати шахсони ба амал даст зада чораҳои қонунӣ дида шавад.
Ба мудири маорифи шаҳри Хуҷанд Саидмухтор Ҷалолов бобати ба роҳ мондани обунаи маҷаллаи «Ихтироъкори ҷавон» аз нимсолаи дуюм дар китобхонаи бачагона чора андешад.
Давоми рӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода 63 нафар сокинонро бо масъалаҳои мухталиф қабул намуд.