(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имруз дар толори пазироии Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ба 100 нафар хонандагону донишҷӯён ва варзишгарони муваффақу лаёқатманд идрорпулии Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Фирдавс Шарифзода нахуст ҷавнонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ таҳният гуфта,онҳоро барои фараҳманд гардиданашон ба стиендияи Раиси шаҳр муборакбод намуд.

Шаҳрдор таъкид дошт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба сўи пешрафтҳои навин қадамҳои босубот мегузорад ва дар давраи ҷаҳонишавии босуръат масъалаҳои марбут ба рӯзгори ҷавонон ҳамчун нерӯи ояндасози давлату миллат ва ҷомеа дар меҳвари сиёсати давлату ҳукумати кишвар, аз ҷумла Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Барҳақ таъкид менамоянд, ки мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имруз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд. Воқеан ҳам, ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрузу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

Иттилоъ дода шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ таҳти роҳнамоиҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷодаи дастгирии насли ҷавон ҷиҳати ба роҳ мондани ташаббусҳои навин ва татбиқи муваффақонаи сиёсати ҷавонон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Хушбахтона, файзи амали сиёсати дурбинона аст, ки имрӯз дар тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа нақши муассири ҷавонони кишвар ҳамчун неруи ояндасоз ба пуррагӣ эҳсос мегардад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар қатори мардуми сарбаланд ва ватандӯсти кишвар ҷавонони мо чун фарзандони асили миллат Ватани азизи худро ба дараҷаи кишвари пешрафта ва мардумаш соҳибсаодат мерасонанд. Аз ин хотир эътибори ҳамаҷониба ва диққату таваҷҷӯҳи ҳамарӯза ба зиндагӣ, кору таҳсили ҷавонон маҳаки асосии рӯзгори аҳли ҷомеаро ташкил медиҳад.

Фирдавс Шарифзода зикр намуд, ки бо мақсади ҳавасмандкунӣ ва дастгирии моддиву маънавии хонандагон ва донишҷӯёни мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсей ва гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, коллеҷҳо ва донишгоҳҳои олӣ, ки дар давоми соли хониши 2019-2020 худро аз ҷиҳати донишу малака ва иштирок дар чорабиниҳои оммавию фарҳангии шаҳр хуб нишон додаанд, сарфароз намудани онҳо бо стипендияи Раиси шаҳр ба ҳукми анъана даромадааст. Боиси зикр аст, ки шумораи гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд 100 нафарро ташкил медиҳанд.

Шаҳрдор Фирдавс Шарифзода дар анҷоми суханронии худ, изҳори умедворӣ намуд, ки ҷавонони фаъол - барандагони стипендияи Раиси шаҳр барои чунин ғамхориву пуштибонӣ барои пешрафти Тоҷикистони азиз, барои тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш кӯшиш ба харҷ диҳед. Ба дастовардҳои назаррас насиб гардидани хонандагону донишҷӯёни шаҳр бори дигар эътимоди моро ба нерӯи ақлонии ҷавонони шаҳр боло мебарад. Ширкати донишҷӯён дар озмунҳои фаннию корҳои илмӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он, иштироки хонандагони ҷавон дар конфронсу ҳамоишҳои илмӣ ва олимпиадаҳои ватанӣ ва хориҷӣ, афзудани дифои рисолаҳои илмӣ аз ҳисоби олимон ва муҳаққиқони ҷавон аз дастовардҳои ҷавонони ояндасози мо шаҳодат медиҳад.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба 100 нафар хонандагону донишҷӯён ва варзишгарони муваффақу лаёқатманд идрорпулии Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Муҳассилини гимназияи №24 ва “Ганҷ Фариз Баҳодурзода ва Адиба Ҳомидова барои таваҷҷуҳ ва дастгирии ҷавонон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории хешро расониданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд