(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Даъвати баҳорона ҷамбаст гардид.Дар маҷлиси машваратии назди Раиси шаҳри Хуҷанд даъвати баҳории имсола ба хизмати ҳарбӣ натичагирӣ карда шуд.
Муовини аввали Раиси шаҳр – раиси комисияи даъват Иброҳим Иброҳимов аз даъвати баҳории ҷавонони соли таваллудашон 1987-1996 ба хизмати ҳарбӣ хисобот дод.
Гусели аввали гуруҳи ҷавонони 22 нафара санаи 3 апрел сурат гирифта буд. Инҳо ҷавононе буданд, ки бо ихтиёри худ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтанд. Барои аз хизмат саркашӣ кардани 7 нафар даъватшаванда нисбати онҳо мавод тартиб дода шудааст. Дар баробари ин дар даъвати имсола 7 нафар фарзандони шахсони мансабдор ба хизмат фиристода шудаанд. Даъвати баҳори аз 1 апрел то 31 май чараён дошт. Дар ин мархила барои хароҷоти даъват ва фаъолияти самараноки он аз ҳисоби Мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 20ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шуда буд. Новобаста аз сари вақт иҷро шудани нақшаи даъвати баҳорӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доири бартараф намудани чанд камбудиҳо аз қабили саркашии ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ, пинҳон кардани фарзанд аз ҷониби волидайн то ҳол вуҷуд дорад. Ва дар ин самт корҳои ташвиқотӣ ва фахмонидадиҳӣи гузаронида шудааст. Комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд Ҳикматулло Баротов ваъда дод, ки камбудиҳое ки дар даъвати баҳорӣ буд, дар даъвати тирамоҳӣ такрор нахоҳанд шуд.
Барои беҳтар кардани сифати даъвати тирамоҳӣ Раиси шаҳри Хуҷанд дастур дод то аз ҳафтаи нав корхои ташвиқотӣ барои даъвати тирамоҳӣ оғоз гардад. Дар ҷамбаст Раҷаббой Аҳмадзода бо туҳфаҳои хотиравӣ кормандони комисариати ҳарбии шаҳр, намояндагони кумитаи маҳаллаҳо ва масъулинро қадрдонӣ намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки нақшаи даъвати баҳоронаи ҷавнописарон ба хизмати ҳарбӣ санаи 28 май 101,8% иҷро гардид.