(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар арафаи Соли нави мелодӣ повести навбатии нависандаи шинохта Додохони Эгамзод таҳти унвони “Фарзанди офтоб” тариқи нашриёти “Мега принт” бо теъдоди шаш ҳазору панҷсад нусха, иборат аз 72 саҳифа ба нашр расид.

Ғояи асар аз муфид ва самарабахш будани меваи зардолу иборат буда, муаллиф маълумоти муфассал дар бораи шифобахшии ин меваи номдори ватанӣ шуруъ аз решаю барг то меваю донаки он барои хонандагони навраси то 12 сола маълумоти муфассал додааст.

Қаҳрамонони асар Хуршед ном бачаи ворухӣ ва духтари амрикоӣ бо номи Стефанӣ мебошад, ки саргузашт ва нақшаҳои аҷиб дар зиндагӣ доранд.

Китоб бо мусаввараҳои зебо нақш дода шудааст, ки муаллифи он Замира Набиева, корманди шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд мебошад.

Повести “Фарзанди офтоб” бо фармоишоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молии ташкилоти ЮСАИД ба нашр расидааст.

Бояд қайд намуд, ки нависанда Додохони Эгамзод аз сермаҳсултарин адибони тоҷик эътироф шуда, муаллифи даҳҳо асар буда, чанде қабл романи таърихии “Нигина ва Мирмалик”-ро ки рўйдодҳои сӣ соли аввали қарни сенздаҳуми мелодиро аз ҷулуси Хоразмшоҳи сонӣ то ҳуҷуми Чингисхон дарбар мегирад, иборат аз 580 саҳифа бо теъдоди 1000 нусха ба дасти хонандагонаш расонид.

Додохони Эгамзод дорандаи ордени Шараф (дараҷаи ду), нишони “Боргоҳи сухан”, медали ҷашнии 100 солагии матбуоти тоҷик”, “Аълочии матбуоти Тоҷикистон”, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил ва ғайра мебошад. Алҳол ба ҳайси сармуҳаррири маҷаллаи “Ноҳид” кору фаъолият дорад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд