(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз дар гулгаштҳои майдонҳои марказии хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи ваизифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар доираи маъракаи сабзухуррамгардонии 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи вусъат бахшидан ба маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Хуҷанд 20 бех ниҳолҳои 6 метраи нодири навъи Магнолия шинонида шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки алҳол беш аз 80 бех ниҳолҳои нодири калонҳаҷм ҳамешасабз дастрас гардида, дар рўзҳои наздик кўчаву хиёбон шаҳрро оро медиҳанд. Ҳамчунин дар ин майдон беш аз 80 ҳазор пиёзаки гули лола шинонида шуд.

Бино ба таъкиди мутахасисони соҳа Магнолия ба растаниҳои гулдори қадим тааллуқ дошта, аз рӯи зебоии баргҳо ва гулҳояш нотакрор буда, бўйи хос дошта, аз он атрҳои қиматбаҳо тайёр менамоянд. Магнолия ба гуруҳи дарахтони баланди ороишӣ мансуб буда, дар хориҷи дуру наздик асосан дар гулгаштҳо онро мешинонанд.

Бояд қайд намуд, ки тибқи тавсияи мутахасисон беҳтарин давра барои шинонидани дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда, ин охири моҳи ноябр ва декабру январ мебошад. Зеро дар ин муддат ҳолати оромиши ниҳол дар зери хок гузашта, он барои сабзиши оянда хубтар мутобиқ мегардад.

Дар мавриди шинонидани ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз мутахасисон тавсия медиҳанд, ки решаи ин гуна ниҳолҳоро бояд бо хокашон дар халтаҳои махсус ё пахтагин печонидан зарур аст. Зеро решаи онҳо хело нозук мебошад. Инчунин пеш аз шинонидани ин гуна дарахтон чуқурии онро на камтар аз 1 ё 1,5 метр кандан лозим аст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти шаҳр ва масъулини сохтори ободониро ба боз ҳам ҷоннок намудани тадбирҳои вобаста ба сабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд дастуру супоришҳо дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд