(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрӯз иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо мақсади таҳнияти барандагони даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” эшонро ба ҳузур пазируфт ва онҳоро табрику муборакбод намуда, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ кард.

Шаҳрдор аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки илму маориф ва фарҳангро дар меҳвари асосии фаъолияти хешро қарор додаанд, тавсиф намуда, аз ҷумла таъкид сохт, ки Пешвои миллат дар сиёсати худ аз рӯзҳои аввал ба масъалаи омӯзонидани донишҳои муосиру замонавӣ ба наврасону ҷавонон ва дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг тарбия кардани онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, рушди илму маориф ва ислоҳоти ин соҳаҳоро омили муҳимтарини наҷоти миллат аз таҳдиди хатарҳои муосир ва таҳкими давлат эълон доштаанд ва дар зарфи 29 соли Истиқлолият тадбирҳои зиёдеро дар ин самт амалӣ гардонида шуд.

Фирдавс Шарифзода бо ёдоварӣ аз баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”, ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардида, ба кашфи истеъдодҳо мусоидат карда истодааст изҳори назар намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ин тадбири фарҳангӣ ба баланд бардоштани завқи китобхонӣ дар байни мардум, ғанӣ гардонидани захираи луғавии онҳо, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, ки аз ҳадафҳои асосии баргузории ин маъракаи муҳим ва беҳамто ба шумор мераванд, такони ҷиддӣ бахшид.

Сарфарозиддин Имориддинов, омӯзгори Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд, ки дар байни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик мақоми аввал ва Ҷавоҳир Ашӯров, донишҷӯи бахши 2, факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров байни донишҷўён ва магистрон дар номиннатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик мақоми дуюмро касб карда буданд, барои дастгирии доимӣ ва ташкили чунин озмуни фарҳангӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ баён карда, изҳор доштанд, ки минбаъд низ баҳри ташаккули маънавиёти худ ва ҳамкорону ҳамсабақон ва дар маҷмуъ ҷомеъ кӯшиш менамоянд.

Сарфарозиддин Имориддинов, омӯзгори Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд иброз дошт, ки дар муассисаи таълимие, ки мавсуф фаъолият дорад, ҷиҳати иҷрои Амри мазкури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои мушаххас андешида шудааст. Аз ҷумла, соли ҷорӣ ба фаъолияти китобхона тақвият дода шуда, беш аз 5 ҳазор адад китобҳои бадеӣ харидорӣ гардид. Ҳамчунин дар назди китобхона фаъолияти маҳфили доимоамалкунандаи "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" роҳандозӣ карда шуд, ки имрӯз ба ин маҳфил беш аз 40 нафар хонанда аъзо буда, ҷиҳати иштирок ба озмуни навбатӣ омодагӣ дида истодаанд.

Инчунин шуруъ аз моҳи сентябр бо мақсади ҷалби хонандагон ба китобхонӣ ва қавӣ намудани ҳофизаи зеҳнии онҳо иқдоми наве пиёда карда шудааст, ҳамарӯза қабл аз аз оғози дарс 20 дақиқа тамоми хонандагони литсей китобҳои бадеӣ мехонанд, ки раванди онро омӯзгорон назорат мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки санаҳои 23-24-уми июли соли равон дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сурат гирифт, ки дар он 72 нафар довталабон, аз ҷумла 4 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, 26 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 2 нафар донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, 33 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 7 нафар калонсолон ва 13 нафар намояндагони касбу кори гуногун фаъолона ширкат варзиданд.

Аз миёни довталабони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барандагони Шоҳҷоиза ва тибқи номиннатсияҳои озмун 33 нафар ғолибон муайян гардиданд.

Аз шаҳри Хуҷанд дар даври вилоятӣ 12 нафар нафар ғолибият ба даст оварда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд ва 2 нафар соҳиби мақомҳои ифтихорӣ гардиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд