(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altШиркати маъруфи истеҳсолии ҶДММ КМ «Силкоат бойя» -и шаҳри Хуҷанд дар озмуни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ ғолиб омад. Дар ин озмун ҳамчунин боз як ширкати ватанӣ- ҶДММ «Ваҳдат» низ мақоми ифтихориро ба даст овардааст.

Ҷоизаи озмун ба ғолибон чанд руз қабл дар доираи ҷаласаи 58-уми Шўрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои аъзои ИДМ, ки ба таври видеоконференсия доир гардид, тақдим карда шуд.

Дар қатори корхонаҳои истеҳсолии давлатҳои аъзои ИДМ ду корхонаи ватанӣ — ҶДММ КМ «Силкоат бойя» (истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ) аз шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ «Ваҳдат» (истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ, ҷўроб) аз ноҳияи Ёвон барои иштирок дар озмуни мазкур пешбарӣ шуда буданд.

Бояд қайд намуд, ки дар ҷаласаи навбатии Шўрои иқтисодии давлатҳои аъзои ИДМ, ки санаи 13 марти соли 2020 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, ин корхонаҳои ватанӣ ба ҷоизаҳои балантарини озмун – Лауреати озмун сарфароз гардида буданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд