(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТибқи дастури роҳбарияти шаҳри Хуҷанд аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зист ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон дар кўчаву хиёбонҳои асосии шаҳр овезаҳои мазмуни тарбияи экологидошта насб карда шуданд.

Масъулин ҳадафи пиёдасозии ин иқдомро баҳри ғанӣ намудани маърифату фарҳанги экологии сокинон ва меҳмонони шаҳр арзёбӣ карда, таъкид доштанд, ки он ҳамзамон баҳри татбиқи босамари Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва «Барномаи давлатии комплекси рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии шаҳри Хуҷанд дар давраи то соли 2020» нигаронида шудааст.

Аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ва Гагарини шаҳр 4 адад овезаҳои тарғиботии калонҳаҷм насб гардиданд ва аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати тозагии муҳити зист иқдом намоянд ва шаҳри бостонии Хуҷандро бо хуррамию ободиаш ба наслҳои оянда мерос гузоранд.

Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар соли равон дар самти татбиқ намудани «Барномаи давлатии комплекси рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии шаҳри Хуҷанд дар давраи то соли 2020» як қатор чорабиниҳои экологӣ роҳандозӣ гардид, ки ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги экологии шаҳрвандон мусоидат намудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд