(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии раиси кумиҷроия бо аъзои гурӯҳи ташаббускор оид ба тарғибу ташвиқи самаранок истифода бурдани нерӯи барқ доир гардид.

Раиси кумиҷроия Наим Маликисломӣ чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла баён дошт, ки имрӯз ҷомеа, хоссатан шаҳрвандон ниёз ба дастуру раҳнамоиҳо нисбати мубориза ба бемории сироятии КОВИД – 19 доранд. Мушоҳидаҳои рӯзҳои охир нишон доданд, ки мардум бе ниқоби ҳимоятӣ ва риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ дар кӯчаву бозорҳо гаштугузор менамоянд.

Ҳамзамон интиқоли нерӯи барқ оғоз аз 10 декабр ба истифодабарандагон ба таври бемаҳдуд интиқол шуда истодааст. Вазифаи мо, фаъолони ҳизб мардумро аз оқибатҳои ҳузновари беморӣ ҳушдор додан аст ва ҳамчунин даъват ба сарфакорӣ дар мавриди истифодаи нерӯи барқ мебошад.

Ҳаминтавр гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби фаъолони ҳизб, шахсиятҳои соҳибобрӯ дар ҳамаи кумитаҳои маҳаллаи шаҳр ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули хона ба хона равона гардиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд